08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТГИРӢ МЕХОҲАМ…

 

- Дар лаҳзаҳои фориғ нисбати он ки модарам ба ҳунаромӯзӣ ҷалбам намекард, ба андеша фурӯ меравам. Аслан модарон ҳатто ба таври маҷбурӣ ба духтарон ягон намуди ҳунарро меомӯзонанд. Ақаллан дӯхтани дарзи чок ё тугмачаспониро кӯшиш менамоянд, то духтаронашон ёд гиранд, чунки зуд – зуд дар зиндагии оянда ба кор меояд. Вале модарам, рӯҳаш шод бошад, ягон вақт маро барои ҳунарманд шудан ҳавасманд накарда буд. Худ, ки бонуи ҳунарманди маҳал буд, ҳамеша мардуми корафтода ба наздаш дарз меоварданд ва ӯ дақиқае бекор намемонд. Шабҳои дароз гулдӯзию қуроқдӯзӣ мекард, рӯзона ба занҳои дигари маҳал ҳунар меомӯзонд, аммо ба чевариҳои кӯдаконаам аҳамияте намедод, гӯё намедид, - ёд аз замони гузашта карда, мегӯяд холаи Майрамбӣ.

Шояд модар алаккай аз хурдсолии Майрамбӣ эҳсос менамуд, ки дар хуни духтараш ҳунармандӣ ҳаст ва рӯзе он ҷӯш хоҳад зад. Солҳо гузаштанду боре холаи Майрамбӣ ба қавле риштаро аз сӯзан нагузаронид. Дар беморхонаи шаҳри Норак фаррошӣ мекарду рӯзиашро аз пайи амалаш меёфт. Вале бо шунидани мужда аз дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ перомуни ҳунарҳои мардумӣ якбора хуни ҳунармандиаш ҷӯш зад. Қаблан барои дастгирии бонувони маҳал онҳоро барои омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ дар хонаи худаш ҷалб кард. Ба 20 бону ройгон ҳунар меомӯзонад. Машвараташ доданд, то ба маркази шуғли аҳолии шаҳри Норак муроҷиат кунад ва аққалан синфхонае барояш ҷудо кунанду духтаронро он ҷо ба омӯзиш фаро гирад. Ин умедро панҷ сол аст, ки холаи Майрамбӣ дорад, вале аз ҷониби намояндагони маркази мазкур садое нест.

- Дар тамоми вохӯриҳои вилоятӣ дастранҷҳояш ба намоиш гузошта мешаванд, вале барои сайқал ёфтани ҳунар ва рушди он дастгирӣ намеёбам. Мехоҳам духтаронро ба ҳам орам ва ҳунарҳои мардумиро омӯзонам, то дар зиндагӣ онҳоро ба кор ояд. Бонувоне буданд, ки аз тангдастӣ маблағе барои дорувори фарзандонашон харидорӣ карда наметавонистанд. Шавҳарон дар муҳоҷирату ҳамсарон саргардони кӯчаҳои зиндагӣ. Охир, на ҳама мардҳои дар муҳоҷиратбуда қобилияти ба пуррагӣ таъмин кардани хонаводаро доранд. Аз тарафи дигар, шумори занҳои бекори сари кӯча кам шавад, ин бад аст? Анҷом додани амали мазкур боиси дастгирии чанд хонаводаи ниёзманд мешавад, - бо ғусса қайд мекунад холаи Майрамбӣ.

Мегӯянд, ки ҳар амале ба худ ҳикмати хосе дорад. Бонуи ҳунарманд Майрамбӣ Боймуродова дар хусуси қуроқдӯзӣ чун яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ чунин ибрози назар мекунад:

- Дар хона нигоҳ доштани ҷиҳози қуроқиро ниёгонамон фоли нек мешумориданд. Хусусан, волидон барои наварӯсон ба хотири эмин монданашон аз чашми бад ҳатман кӯрпа, кӯрпача, болишт ё дастархони қуроқӣ туҳфа мекарданд. Секунҷаҳои қуроқӣ гӯё туморест, ки оилаи навбунёдро аз қувваҳои манфӣ нигоҳ медорад…

Қутбия

 

:.  Фарҳанг 22.05.2017 04:06 1668

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz