08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД

 

Дилбохтаи ҳама фанҳо будам, аммо тадриҷан майлам ба дарси риёзӣ боло гирифт. Аз фанни кимиё моро як муаллимаи зебои қоматбаланд дарс мегуфт, баъдан фаҳмидем, ки Наботбегим Азатхонова, вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравист. Дар дарс таҷрибаҳои кимиёӣ мегузаронд, маҳз сабақҳои раҳомӯзи ӯ буданд, ки ба дил гуфтам: „Касби омӯзгориро пеша мекунам ва кимиёгар мешавам“, – мегӯяд Ҷаҳонгул Давлатшоева, мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.


Ҳаққи устод аз падар беш аст…

–Дар курси 2-юм дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мо устоди шодравон, доктори илмҳои кимиё, профессор Зуҳуриддин Юсуфов аз фанни „Механикаи квантӣ ва кимиёи квантӣ“ дарс мегуфтанд. Ҳини имтиҳон ман аввалин шуда ҷавоб додам ва устод пурсиданд: „Ин формулаҳои мураккаби риёзиро чӣ тавр аз худ кардед. Офарин ба муаллиме, ки ба шумо дарс додааст“. Баъди имтиҳон устод маро даъват карданду гуфтанд, ки дар кафедра дар ним баст кор кунам ва ба иҷрои корҳои илмӣ-татқиқотӣ машғул гардам. Ҳамин тавр ҳам шуд ва то хатми донишгоҳ дар ним баст ба ҳайси корманди хурди илмии гурӯҳи илмии „Кимиёи координатсионӣ“-и кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ заҳмат кашидам.

Баъди хатми донишгоҳ ба аспирантураи ғоибона ҳуҷҷат супурдам ва корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар Донишгоҳи давлатии Қазон идома додаму рисолаи номзадиамро дар Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии технологии ҳамон шаҳр соли 1994 дифоъ кардам. Агар имрӯз дар илму дониш ба ҷое расидаам, аз хизмати бедареғи устодам Зуҳуриддин Юсуфов аст, – ибрози андеша менамояд ӯ.

Айни замон бо ҳамсари устоди шодравонаш доктори илмҳои кимиё, профессор Мубаширхон Раҳимова, ки дар кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии ДМТ фаъолият мебарад, машғули корҳои илмӣ-татқиқотӣ мебошад. Аҳли кафедра кӯшиш менамояд, ки пажӯҳишҳои оксредметрӣ, ки таҳти роҳбарии устод Зуҳуриддин Юсуфов сурат мегирифт, тақвият ёфта, функсияи оксидшавии пешниҳоднамудаи устод дар истифода густариш касб кунад.

Геокимиё

- Ҳамқадами ҳаётам Бахшидод Алидодов хатмкардаи ДМТ буда, айни ҳол номзади илмҳои геологияю минералогия, дотсенти кафедраи минералогия ва петрография, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, мутасаддии Шӯрои илмӣ-методии факултети геологияи ДМТ мебошад. Ӯ низ дорандаи нишони сарисинагии „Аълочии маорифи Тоҷикистон“ буда, бо медали „Хизмати шоиста“ қадр шудааст. Фазои хонаводагии моро дар бисёр ҳолат баҳсҳою табодули афкор гирди мафҳумҳои „кимиёӣ“ ва „геологӣ“ фаро мегиранд. Ин воқеиятест, ки китобҳои дарсии „Геокимиё“ ва „Геокимиёи нафту газ“ ба забони тоҷикӣ навишта шуданд ва дар соли 2016 интишор ёфтанд. Дар соҳаи геология ин китобҳо аввалин адабиёти дарсӣ ба забони давлатианд, – дар иртибот ба шавҳар ва суҳбатҳои хонаводагӣ ёдовар мешавад устод.


Саодати миллат дар фарзандони муваффақ

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: „Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд“.

Ин ҳарфҳои ҳидоятомези Пешвои миллат омӯзгоронро водор мекунад, ки дар омода намудани мутахассисони сазовор тамоми неруи зеҳнию маҳорату малакаи илмию омӯзгории худро ба харҷ диҳем. Дар ин замина дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баръало ҳис мегардад. Доираи ҳамкориҳои таълимию илмии ДМТ бо макотиби олии хориҷ аз кишвар сол ба сол меафзояд. Ин ба факултети кимиё имкон медиҳад, то ки донишҷӯёнро ба дигар донишгоҳҳо барои идомаи таҳсил ва анҷоми корҳои дипломӣ бифиристад. Аз ҷумла, миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ҷумҳурии Беларус созишномаи нав оид ба омода намудани мутахассиони зинаи бакалавр ба имзо расид. Дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии мамлакат, аз қабили Ширкати воҳиди давлатии „Алюминийи тоҷик“ илми мо ба қавле ба амал ёр шуд, зеро устодон ва донишҷӯён акнун метавонанд аз озмоишгоҳҳои кимиёии ин ширкати бузург дар самти гузарондани дарсҳои амалии тахассусӣ ва иҷрои корҳои илмӣ –татқиқотӣ самаранок истифода баранд.

„Бонувони Тоҷикистон“

АЗ ИДОРА:

Ҷаҳонгул Асанхоновна Давлатшоева ҳаммуаллифи 2 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, дорандаи 5 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи 80 мақолаю навиштаҳои мухтасари илмию таълимист. Корҳои илмии ӯ ба раванди ташкилшавии комплексҳо ва кинетикаи таомулоти оксиду барқароршавии унсурҳои даври сеюм рабт мегиранд. Маҳсули илмиаш дар нашрияҳои Тоҷикистон, Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва Амрико интишор ёфтаанд. Заҳматҳояш бо нишони „Аълочии маорифи Тоҷикистон“, медали „Хизмати шоиста“ ва ифтихорномаи ДМТ қадр гардидаанд.

 

:.  Фарҳанг 17.02.2017 05:17 1888

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz