08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МО ПАЙРАВИ ПЕШВОЕМ

 

Яке аз дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар фосилаи 25 соли камолоти ҳамаҷонибаи он, рушди рӯзафзуни соҳаи илм, аз ҷумла ҷомеашиносӣ дар партави таҳқиқи фарҳанги миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, омӯзиши таърихи пурғановати ниёгон, шинохт ва муаррифии осори безаволи онҳо мебошад. Дар ин самт фаъолияти бонувон, махсусан олимаҳои ҷавони тоҷик, шоистаи ситоиш ва қобили таҳсин аст, ки яке аз онҳо номзади илмҳои фалсафа Гуландом Абилова ба ҳисоб меравад.

Гуландом Сардоровна парвардаи муҳити фарҳангпарвару тамаддунхези шаҳри бостонии Кӯлоб аст. Даврони мактабхониаш дар ҳамин шаҳр сипарӣ шудааст. Таҳсилоти олиро низ дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гирифтааст. Аз соли 2000-ум то моҳи августи соли 2001 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и зодгоҳ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Баъдан ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳаш фаъолияти таҳқиқотию таълимии худро оғоз бахшида, аз соли 2002 то 2003 чун муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ заҳмат кашид. Омили асосӣ ва ангезиши аслии ба таҳқиқи фалсафа рӯ овардани Гуландом аз тадрису таълими омӯзгори фанни мантиқи донишгоҳ Шамсиддин Гулаҳмадов сарчашма мегирад.

Рӯзе, зимни дарс, муаллим Шамсиддин Гулаҳмадов як ҳикояи муаммобарангези мантиқиро бо завқу маҳорати баланди омӯзгорӣ нақл мекунад. Баробари ба итмом расидани нақл занги танаффус садо медиҳад ва аз ин сабаб мазмуни мантиқии ҳикоя нокушода боқӣ мемонад. Бинобар ин, дар вақти танаффус Гуландоми донишҷӯ ба назди омӯзгор меравад, то аз мантиқи ҳикоя огоҳӣ пайдо намояд. Устод ба Гуландоми ҷавону ташнаи маърифат мегӯяд: «Духтарам, агар хоҳӣ, ки маънии аслӣ ва ҷавҳари мантиқии ҳикояи гуфтаи маро дарк намоӣ, фалсафаро омӯз». Ин маслиҳату раҳнамоӣ дар қалби ӯ шуълаи омӯзиши фалсафаро меафрӯзад ва ҳидоятгари вай ба ҷодаи пурпечутоби зикршуда мегардад.

Гуландом аз соли 2003 то 2008 таҳти роҳнамоии нахустин доктори илмҳои фалсафа аз байни бонувон Мунзифа Ғаффорова дар мавзӯи «Асосҳои маънавии ташкили оилаи тоҷик» рисолаи илмӣ навишта, барои дифоъ пешниҳод менамояд.

Гуландом Сардоровна аз соли 2009 то 2011 ҳамчун роҳбари шуъбаи омори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва аз соли 2011 то 2014 ба ҳайси котиби илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хидмати шоиста анҷом додааст. Аз моҳи апрели соли 2014 то имрӯз мудири кафедраи илмҳои иҷтимоии Донишкадаи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Яке аз шогирдони Гуландом Абилова, магистранти ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» Мирзоолими Мирзораҳим, ки дар мавзӯи «Назари давлат ва давлатдории Ибни Халдун дар рисолаи «Муқаддима» машғул аст, аз сифатҳои шоистаи инсонию касбии роҳбари маънавияш ёдовар шуда, дар суҳбат ба мо зикр дошт: «Муаллима аз беҳтарин омӯзгорони ҷавону донишманди фалсафа дар Тоҷикистонанд. Собитқадамӣ, устуворӣ, иродаи матин, маънавиёту дониши амиқ, ахлоқи ҳамида, ҷиддият, салобати маънавӣ, садоқати ростин ба суннатҳои миллӣ аз ҷумлаи хислатҳои шоистаи муаллимаанд. Фурӯғи фарҳангу фалсафаи инсонии муаллима равшанибахши қалбу шуури мо – шогирдон аст».

Дар суҳбате, ки бо муаллима доштем, ба пурсишҳои мо дар масоили марбут ба фалсафа, худшиносии миллӣ, озодии занон, мафҳуми истиқлолият, усулу шеваҳои замонавии таҳқиқ, арзишҳои маънавии оилаи тоҷик бо далелу исботи фаслафию мантиқӣ посух гуфт, ки басо пурмазмуну диққатангез буданд. Махсусан муҳокимарониҳои илмию фалсафии муаллима бо зикри далел аз осори файласуфони маъруф Арастую Афлотун, Форобию Ибни Сино, Канту Гегел, Нитсчеву Муҳаммад Иқбол, зикри афкори ҳакимонаи Паёмбар (с), Имоми Аъзам, Имом Ғазолӣ моро хеле қаноатманд гардонда, аз хираду заковати баланди ӯ башорат медоданд. Зимни посух ба саволи мақому манзалати занон дар даврони истиқлолият гуфт: «Дар даврони истиқлолият озодии воқеии маънавӣ ва тақвияти мақому манзалати занони тоҷик дар ҷомеа таъмин шуд. Фидокориҳои Сарвари давлат барои Ватан, миллат ва тақвияти худшиносӣ ба халқи Тоҷикистон мо, бонувони тоҷикро дар ҷодаи фаъолият ҳамеша рӯҳу илҳоми тоза ва қудрату неруи нав мебахшад. Осори илмию таърихӣ ва фалсафии Президенти маҳбубамон, ба монанди шоҳкории маънавии сеҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», рисолаҳои «Муҳити зиндагӣ ва олами андешаҳои Имоми Аъзам», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», «Забон – ҳастии миллат», дигар нутқу суханрониҳо ва маърӯзаҳои илмиашон моро дар рӯҳияи андешапарварӣ, ватандӯстӣ ва тоҷикияти асил бо тамоми маънӣ тарбия мекунад. Бинобар ин, мо, олимҳои ҷавон, пайрави Пешвои миллатем».

 

Бузургмеҳр

 

:.  Фарҳанг 15.12.2016 10:35 2070

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz