08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ҚАБОЕ АЗ РУСУМ ВА АНЪАНАҲОИ РУСТО

 

Бо таваҷҷуҳ ба дигаргуниҳои солҳои охир имрӯз дар ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои зиёде сохта шудаанд ва мо бо дарназардошти завқ ва имконоти молӣ метавонем дар кишвари худ тафреҳ кунем ва ҳам дар фурсати боқимонда ба назди падару модар ва пайвандон ба деҳ биравем ва субҳи содиқ бо шунидани садои кабку хурӯс ва ҳайвоноти хонагӣ рахтхобро тарк кунем ва ё рӯи он чанди дигар гӯш ба табиат бидиҳем. Ин имкон дар сол танҳо як бор даст медиҳад ва барои сокинони шаҳрҳои бузурге ба мисли Душанбе хеле фурсати хуб ва муносиб аст.

Интихоби ин ва ё он истироҳатгоҳ кори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ва мавзӯи мавриди матраҳи мо завқ, фарҳанги интихоб ва муносибати якояки мо бо дигар истироҳаткунандагон ва ашёи он тафреҳгоҳ хоҳад буд.

Қабл аз ба риштаи таҳлил кашидани мавзӯъ, мехоҳам қайд намоям, ки дар давоми сол бо сафарҳои корӣ ба чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафар доштам ва коридаҳои ин саҳафот натиҷаи ҳамин дидану омӯхтанҳост.

Дар мавриди аввал чизе, ки дили ҳар тоҷикистониро хуш мекунад ин аст, ки тайи солҳои охир шумораи сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ва кишварҳои дигари дуру наздик ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Аз як тараф омадани сайёҳон, агар бар суди буҷети кишвар бошад, аз ҷониби дигар имкони табодули афкор ва тамаддун сурат мегирад, ки дар мадди аввал ба фоидаи ҳаммиллатони мост.

Мавриди дигари хушҳолкунанда ин аст, ки дар аксар тафреҳгоҳҳо мардону занони калонсол ва солхӯрдаи тоҷикро мебинем, к и бо ибтикор ва заҳмати фарзандон ба ин маҳалҳо омадаанд, то саломатии худро барқарор созанд ва каме ҳам бошад истироҳат кунанду ба қавле давлати пирӣ биронанд. Хуш бар ҳоли чунин волидони хушбахт ва фарзандони накуахлоқ.

Аммо ҷанбаи дигар ва мавриди нигаронӣ ин муносибати мо бо дигар истироҳаткунандагон, яъне ҳаммеҳанон, хориҷиён ва ашёи истироҳатгоҳ аст. Ба назар мерасад, ки бо сипарӣ гардидани солҳо, иваз шудани наслҳо, тағйир ёфтани дунё ҷаҳонбинӣ ва шинохти аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар ҳоли рукуд мебошад. Гӯиё на пешрафтҳои технологии ҷаҳон, на дигар гардидани сиёсатҳои геополитикии дунё, тағйир ёфтани арзишҳо, ҷаҳонишавӣ ва дигару дигар масоил ба зеҳни бархе ҳамватанон ҳич таъсире надорад. Ин нишон ва гувоҳи он аст, ки онҳо дар бунбасти маърифатӣ қарор доранд ва ҳамқадами замони худ нестанд. Илова бар ин, аз суннату оинҳои накуи ниёкон ва ҳикматҳои бузурги хирадмандони қарнҳои мозӣ дар канор мондаанд. Ба нашр гардидани рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу андарзҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, адабиёти бадеӣ мутолиа намекунанд ва дар инҳисори фарҳангӣ побанд мондаанд.

Вақте дар тафреҳгоҳҳои ҷумҳурӣ бо ин қабил ҳамватанон вомехӯрем, дар назари нахуст эҳсос мегардад, ки онҳо худро бо қабои русум ва анъанаҳои деҳ ва ноҳияву минатақи хеш оростаанд ва ба ҳия ваҷҳ кабудии худро дар муошират, фарҳанг ва тарзи суҳбат кардану ғизо хӯрдан эҳсос намесозанд. Ба хубӣ дарк мешавад, ки онҳо аз деҳаи худ ба минтақаи дигар бидуни мутолиа, шинохт ва омӯзише омадаанд. Ба хайр мебуд, агар ин қабил одамон аз маҳалле омада бошанд, ки он ҷо илму маърифат рушд карда бошад. Мушкил ин аст, ки аксар рустоҳои имрӯзи мо аз назари маърифат, тамаддун ва дастрасӣ ба маҳофили завқиву таълимӣ ва маърифатӣ аз ҳамватанони дигар ақиб мондаанд ва ба роҳ мондани таълиму тарбия ва шинохти маърифату фарҳанг дар ин қисматҳои кишвар вақт ва ҳавсала мехоҳад. Боятӣ барномаҳои вижа аз ҷониби мутахассисон ва коршиносон таҳия шаванд ва пиёда кардани онҳо низ хеле сахт аст ва заҳмати зиёд мехоҳад.

Барои ислоҳи кор ба мо зарур аст аз тариқи садову симо ва матбуоти даврӣ барномаҳое рӯи даст бигирем, ки тарзи дурусти фарҳанги тафреҳ ва сухан гуфтану арҷ доштани ашёи истироҳатгоҳҳои кишвар ва хориҷ аз онро барои чунин ашхос биомӯзем. Аммо дар қадами аввал бояд ба ин масъала масъулини маҳал ва ашхоси бомаърифату ҷаҳонгашта таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Фикр мекунам як суҳбати муқаддамотӣ бо ҳамдеҳа қабл аз сафар ба ин ва ё он шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ чандон кори мушкил нахоҳад буд, то назди ҳамдигар ва пеши хориҷие ҳамеша сархаму шарманда набошем…

Эмомалӣ Сайидамирзод

 

:.  Фарҳанг 21.06.2016 11:20 1723

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz