10

Сентябр, 2025
Чоршанбе

10

Сентябр, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУВОНИ ДИЁРИ ФАЙЗБОР

 

Ҳамонгуна ки дар сароғози китоб оварда шудааст, «Китобе дар даст доред, давоми «Бонувони диёри файзбор» (2007) мебошад. Дар ин китоб зиндагиномаи мухтасари беш аз 600 нафар бонувони диёр рӯйи саҳифа омадааст. Ҳаёту фаъолияти онҳо воқеан ибратомӯз аст. Онҳо занони комгору саодатманде ҳастанд, ки ҳастияшонро баҳри рушди ҷомеа, пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳангу тандурустӣ ва иқтисодиёту иҷтимоиёт бахшидаанд. Ҳамчунин фарзандони солеҳ ба воя расонда, ба хидмати халқу Ватан ҳидоят кардаанд».

Тавре муаллифи китоб изҳор медорад, «Замоне, ки рисолаи «Бонувони диёри файзбор»-ро иншо мекардам, меандешидам ва кӯшиш ҳам мекардам, ки зани номвар ё кордидае аз саҳифаҳои китоб берун нахоҳад монд. Ҳамин нуктаро раиси вақти ноҳия низ аз ман дархост доштанд. Воқеан дар назари аввал навиштани китоб, хусусан «кашф»-и беҳтаринҳо аз ҷумлаи собиқадорони меҳнат кори саҳл менамояд. Аслан чунин нест. Ва инро, албатта, на ҳар кас дарк карда метавонад, ба ҷуз оне, ки ба дафтару қалам сару кор мегирад. Вақте рисолати худро сомон додам ва китоб рӯи даст омад, ба ростӣ, хурсанд шудам, ба ин маънӣ, ки вазифаеро хоксорона, беғаразона, аз сидқ назди ҳамдиёронам, хосса занону бонувони азизи Файзобод, ба иҷро расондам. Аммо ин танҳо пиндори шахсии ман будааст. Баъди даст ба даст рафтани китоб ва мутолиа шудани он нафарони зиёде ба суроғи ман меомаданд ва ё занг мезаданд, ки: «Апа, фалон бонуи арзанда дар ин деҳ, ҷамоат ё гузар аз китоби шумо дур мондааст…». Зангҳои телефонӣ, суҳбатҳо хеле зиёд буданд.

Ва тасмим гирифтам, ки сари мавзӯи бонувони қобилу муваффақу арзанда баргардам. Чун имрӯз вақт имкон дод, ҳамон андешаи қаблӣ, ки мабод нақши зане аз ин рисола дур монад, маро фаро гирифт. Рӯзҳои зиёд бо дӯстону наздикон, раисони ҷамоатҳову кумитаҳои маҳалла дар ҳамкорӣ будам. Бисёрҳо ба худ андеша мекунам, ки бонувони Файзобод паричеҳраву отифа, хушгапу хушҳунар, ҳунарманду фарҳангдӯст, оқилаю рамузфаҳманд, некро аз бад хуб фарқ мекунанд. Воқеан ҳам, чунин баҳоро ба кору пайкор ва сурату сирати бонувони диёри азиз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафарҳояш ба Файзобод борҳо иброз дошта буданд. »

Муаллиф аз бонувони номвар ва чеҳраҳои бонуфузи диёр ном бурда, зиндагиномаи онҳоро омӯхтаниву сазовори ситоиш медонад. Воқеан ҳам, чун аз Файзободу бонувони номвараш ҳарф мекушодем, устоде арҷманд таъкид медоштанд: «Файзобод шамоли рӯҳнавоз дораду Нигина». Ҳоло ҳам қатори даҳҳо шахсият номи Нигина Рауфова дар ҳар маҳфили мардуми ин диёр вирди забон аст. Агар як амали хайри Сафармоҳ Миралиева аз деҳаи Носирободи (ҳозира Заркамар) ноҳияи Файзобод, ки 40 сол дар фермаи деҳаи Сарой говдӯш ва коргари хоҷагии Ҳамза (ҳозира А. Назиров) заҳмат кашидаасту чун бонуи саховатманд маблағи 20 ҳазор сомонии барои зиёрати Хонаи Худованд пасандоз кардаашро дар деҳаи Заркамар кӯпрук сохт, боиси ситоиш шуда бошад, пас зиёд нафарони дигар ҳам бо амали неки худ нақш ёфтаанд. Нигинаи Муъмин, Муҳаррама Шарифова, Адибаи Азиз, Химчагул Идиева ва даҳҳо тани дигар идомаи ҳамин насланд.

Меҳронаи САБО

 

:.  Фарҳанг 19.05.2016 10:31 1733

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz