08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БАХШЕ АЗ НОМАИ РОБИНДРАНАТ ТАКУР БА ҲАМСАРАШ

 

***

Ман бо ишқ ба ту танҳо ба меодгоҳам меоям, аммо ин ман, дар зулмати кист канор меоям, то аз ӯ дӯри биҷӯям, аммо наметавонам аз ӯ бигурезам, ӯ вуҷуди кӯчаки худи ман аст, оқо ва сарвари ман. Ҳаё ва шармандагиро намешиносад ва шармандаам, ки ҳамроҳ бо ӯ ба даргоҳи ту омадаам.

***

Осмон барои гирифтани моҳ тала намегузорад, озодӣ худи моҳ аст, ки ӯро поёбанд мекунад.

***

Агар интизор ва таваққӯъ надошта бошӣ, ҳама дӯсти туанд.

***

Хашми зан монанди алмос аст, медурахшад, аммо намесӯзонад.

***

Умед, нони рӯзонаи одамӣ аст.

***

Ранҷ ҳаст, марг ҳаст, андӯҳи ҷудоӣ ҳаст,

Аммо оромиш низ ҳаст, шодӣ ҳаст, рақс ҳаст,

Худо ҳаст.

Зиндагӣ, ҳамчун рӯди бузург ҷовидона равон аст,

Зиндагӣ ҳамчун рӯди бузург, ки ба дарё меравад.

Домони Худоро меҷӯяд.

Хуршед ҳанӯз тулӯъ мекунад,

Фонуси ситорагон ҳанӯз аз сақфи шаб овехтааст.

Баҳор мудом мехиромад ва домани сабзишро бар замин мекашад,

Амвоҷи дарё, овоз мехонанд,

Бар мехазанд ва худро дар оғӯши соҳил гум мекунанд.

Гулҳо боз мешаванд ва ҷилва мекунанду мераванд.

Нестӣ нест.

Ҳастӣ ҳаст.

Поён нест.

Роҳ ҳаст.

Таваллуди ҳар кӯдак, нишони он аст, ки:

Худо ҳанӯз аз инсон ноумед нашудааст.

***

Биё…

Ҳамон гуна, ки ҳастӣ биё, дер макун…

Фарқи мӯят пошида

Биё, дилгир машав

Биё, ҳамон гуна, ки ҳастӣ

Биё, дер макун

Чаманҳоро поймол карда тез биё.

Агарчи марворидҳои гарданбандат биафтанду гум шаванд.

Боз биёву дилгир машав

Аз киштзорҳо биё,

Тундтар биё…

Абрҳое, ки осмонро пӯшидааст, мебинӣ!

Дар тӯли рӯд, ки дар он дида мешавад,

Селаи парандагони ваҳшӣ дар парвозанд.

Чӣ касе метавонад тардид дошта бошад, ки ба абрувону мижгонат сурма назадаӣ,

Зеро дидагони тӯфоният аз абрҳои боронӣ ҳам сиёҳтаранд.

Агар ҳанӯз ҳалқаи гул бофта нашуда, чӣ монее дорад?

Агар занҷираи зарринат ҳам баста нашуда он ҳам бимонад,

Осмон аз абр окандааст, дер шуда ҳамон гуна, ки ҳастӣ биё…

Биё, фақат биё…

Баргардони А.Амон

 

:.  Фарҳанг 17.05.2016 05:25 1509

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz