08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

„МОДАРИ ФАРХУНДА ШОГИРДИ ХУДОСТ“

 

Табдил кардани рӯзи байналмилалии занон ба Рӯзи Модар махсусияти шарқӣ ҳам дорад, зеро яке аз мавзӯъҳои муҳим ва калидии адабиёти чандҳазорсолаи мо модар аст. Адибони хушсалиқа ва шуҳратёри классики адабиёти форсу тоҷик ба мавқеи модар дар оила ва тарбияи фарзандон, сиҳати он ва шукуфоии хонавода аҳамияти хос зоҳир намудаанд ва ин мавзӯъ баъдан, дар адабиёти муосири тоҷик идомаи мантиқии хешро ёфтааст.

Ҳанӯз чанд рӯз муқаддамтар аз расидани ин ҷашн чеҳра, тарзи либоспӯшии бонувон, хандаҳои зебои онҳо аз омадани баҳору рустани гулу сабза ва гармии хуршеди оламафрӯз гувоҳ медиҳанд. Шурӯъ аз кӯдакистонҳо то макотибу донишгоҳҳо ва идораҳову вазоратхонаҳо куртаҳои атласу адрасу чакани духтарону занон муҳитро идонаву табъро кушода мекунанд. Мисле, ки баҳор бидуни лабханди духтарону занон ҳич таъсире ба муҳит надоштааст. Мисле, ки баҳор бо табассуми модарон оғоз меёбад, ба гумоне нурҳои офтоб гармии худро аз меҳри Модар мегиранд…

Як рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи Модар эҳтимолан ҳар як мард, писар ва ҳатто бачаи мактабхон барои фардои худ барномае таҳия месозад ва роҳ сӯйи фурӯшгоҳу мағозаҳо ва бозор мегиранд. Нафаре барои модар рӯмолу кафш, шахсе барои завҷааш пираҳан, фарде барои дӯстдоштааш атриёт, мактаббачае барои ҳамдарсаш туҳфа ва писараке ҳамроҳи модар барои духтараке зоча харид менамоянд. Ин рӯз дар ҷараёни дарёфту хариди туҳфа дилҳо гаҳе зудтар мезананду гаҳе нафас жарфтар меравад. Охир, харидани як ҳадяи сазовор хеле шуғли хушнуд, муҳим ва масруркунанда аст. Тасаввури он ки бо дидану гирифтани ҳадя шахси дӯстдошта, маҳбуб ва ҳамназару ҳамтақдир хушҳол мегардад, ба дил шодӣ меоварад ва рӯҳро меболад.

Як ҷиҳати фарқкунандаи ин ҷашн аз дигар рӯзҳо ин аст, ки ҳанӯз чанд вақт пештар хиёбону кӯчаҳои шаҳрҳоро атри гулҳои рангин ва зебо муаттар месозад. Новобаста ба боло рафтани нархи гулҳо ҳар шахсе ба растаи гулфурӯшон сар мезанад ва гулҳои дӯстдоштаи модар, ҳамсар, духтар, ҳамкор, шогирд ва ҳатто набераи худро мекобад. Агар касе ҳам модари худро аз даст додааст, дар ин рӯз ӯро ба ёд меорад, чанд лаҳзае хаёлан бо вай гуфтугӯ мекунад ва баъдан, рӯйи саҷҷода намоз мегузорад ва аз офарандаи барин барояш омурзиш мехоҳад.

Воқеан ҳам то имрӯз инсоният барои эҳтирому муҳаббат ба модар, мавқеи ӯ дар дилу андеша вожаи аслиро пайдо накардааст, зеро ҳар чӣ мегӯем, ҳанӯз камтар аз он аст, ки Модар арзиш дорад. Устод Халилуллоҳ Халилӣ дар ин маврид мефармоянд:

Одамиро гар Худо орад нахуст,

Одамиятро кунад модар дуруст.

Модари фархунда шогирди Худост,

Устоди даргоҳи кибриёст.

P.S. Рӯзи модарро ба ҳама бонувони хушзавқ, хушрӯз, хушбахт ва арҷманди Тоҷикистон табрик мегӯем.

Эмомалӣ Cайидамирзод

 

:.  Фарҳанг 13.04.2016 03:39 1454

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz