08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

РӮЗИ МОДАР

 

Дар ин замина 8-уми марти соли 1857 занҳое, ки дар корхонаи истеҳсоли либос ва ресандагӣ фаъолият мебурданд дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Онҳо адами шароитҳои мавҷудаи ғайринсонӣ ва музди пасти маош садои эътироз баланд карданд. Кормандони мақомоти махсус ба намоишгарон дарафтода, онҳоро пароканда намуданд. Ду сол пас, боз дар моҳи март ин занҳо иттифоқи касабаеро ташкил намуданд, то аз манофеи худ дифоъ кунанд ва аз ҳуқуқҳои умдаи кору зиндагӣ бархурдор бошанд.

Ҳамин тавр санаи 8-уми марти соли 1908-ум 15 000 зан дар шаҳри Ню-Йорк эътирози оммавӣ доир намуданд. Онҳо талаб карданд, ки рӯзи корӣ ихтисор гардида, музди меҳнаташон ба қадри арзанда пардохта шаванд. Дар баробари ин, занҳои эътирозгар хостори ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва бартарафсозии меҳнати кӯдакон шуданд. Онҳо шиори «Нон ва садбарг»-ро истифода бурданд. Нон рамзи бехатарии иқтисодиёт ва садбарг беҳтарин сифатҳои зиндагиро ифода менамуд. Моҳи майи ҳамон сол Ҳизби Сотсиалистии Амрико якшанбеи охири моҳи февралро- Рӯзи байналмилалии занон эълон дошт.

Тибқи ин изҳороти Ҳизби Сотсиалистии Амрико аввалин Рӯзи байналмилалии занон дар таърих дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 28-феврали соли 1909 ба қайд гирифта шуда буд. Занҳо ин ҷашнро то соли 1913 охирин якшанбеи ин моҳ таҷлил мекарданд.

Конфронси байналмилалӣ аз ҷониби созмонҳои сотсиолистии тамоми ҷаҳон дар шаҳри Копенгагени Дания соли 1910 доир шуд. Аъзои ин анҷумани сотсиалистии интернатсионалӣ пешниҳод намуданд, ки Рӯзи занон мақоми ҷашни байналмилалиро касб созад. Сараввал пешсафи гурӯҳи занҳои Ҳизби демократии сотсиалистии Олмон Клара Сеткин пешниҳод намуд, ки ҷашни байналмилалӣ дар рӯзи эътирози баргузорнамудаи занҳои либосдӯзи ИМА гузаронида шавад. Аз пешниҳод пуштибонии худро зиёда аз сад зане, ки аз ҳабдаҳ кишвари дунё дар конфронси мазкур иштирок дошт, изҳору исрор намуданд. Соли 1911 рӯзи байналмилилалии занон бори аввал дар Австрия, Дания, Олмон ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд. Бисту панҷуми марти худи хамон сол дар корхонаи «Трайэнгл Шертуэст Компани» фоҷиае сар зад. Ин фалокат ҷони зиёда аз 140 нафар коргар, ки аксарияташро мухоҷирзанони ҷавони итолиёвӣ ва яҳудӣ ташкил медоданд, рабуд. Коршиносон иллати ҳодисаи бадфарҷомро ба шароити бади корӣ ва наандешидани чораҳои бехатарӣ рабт доданд. Вобаста ба ин ҳолат Лигаи иттифоқи занҳо ва Иттиҳодияи байналмилалии бонувони дӯзанда як қатор намоишҳои эътирозиро роҳандозӣ карданд. Яке аз чунин баромадҳо марши хомӯшии дафнамоӣ ба хисоб меравад, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар иштирок намуданд. Дар якқатор кишварҳои Аврупо санаи 8-уми марти соли 1914 занҳо бар зидди ба амал омадани ҷангу хунрезӣ баромад намуданд. Бо қарори СММ аз соли 1975-ум инчониб 8-уми март- «Рузи байналмилалии занон» эътироф шуд.

Дар ҷумҳурии мо дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6-уми марти соли 2009, 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мешавад.

Мадина

 

:.  Фарҳанг 15.03.2016 11:52 2273

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz