08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Марҳабо Сайфуллоева: «БА МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ФАННОВАРИҲОИ ҶАДИД ЭҲТИЁҶ ДОРЕМ»

 

-Марҳабо Ӯктамовна, чӣ зарурате пеш омад, ки сарвари кишвар таъсиси Мактаби махсуси зеҳниро дар пойтахт ва «Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон»-ро дар минтақаҳо пешниҳод намоянд?

-Имрӯз пӯшида нест, ки сифати таълим дар мактабҳои хусусӣ нисбат ба макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ то ҳадде фарқкунанда мебошад. Ва ҷавонони болаёқате ҳам ҳастанд, ки бо сабаби имконоти маҳдуди моддӣ наметавонанд дар мактабҳои хусусӣ таҳсил намоянд. Аз ин хотир, дар шаҳру ноҳияҳо аз тарафи ҳукумат «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон» таъсис дода шуд. Мақсаду мароми он дарёфту дастгирӣ аз ҷавонҳои болаёқати хонаводаҳои камбизоат аст.

-Оё ин гуна марказҳо метавонанд ҷавононро барои таҳсил дар риштаҳое омода созанд, ки иқтисоди миллии кишвар ба он ниёз дорад?

- Яке аз ҳадафҳои ин марказҳо муайян кардани завқу лаёқати ҷавонон ва вобаста ба он тайёр кардани эшон чун мутахассис барои риштаҳои гуногун маънидод мешавад. Гузашта аз ин, дар мавриди вижагии ҳар соҳа ба ҷавонон маълумот пешниҳод мешавад, то онҳо дар интихоби пеша ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Имрӯзҳо мувофиқи иттилои Вазорати маориф ҷавонон бисёртар ба омӯзиши риштаҳои иқтисодиёт, тиб, ҳуқуқшиносӣ, соҳаи андоз таваҷҷӯҳ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бисёртар ба мутахассисони варзидаи соҳаи технология ва фанновариҳои ҷадид эҳтиёҷ дорад.

-Барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон ва истифода аз ин нерӯи ақлонию созанда ба нафъи пешрафту шукуфоии миллату кишвар чӣ кор бояд кард?

- Чуноне ки маълум аст, танҳо рақобати солим дар таълимгоҳҳо қодир аст, мутахассисони варзидаро рӯи кор оварад. Ҷавонон бояд хуб донанд, ки баъди хатми донишкадаву донишгоҳ танҳо тариқи озмуни шаффоф соҳиби вазифа хоҳанд шуд. Имрӯзҳо зумрае аз ҷавонон фикр мекунанд, ки пуштибоне надошта бошанд, бо вуҷуди саводу дониши хуб кори хубе пайдо намесозанд. Ташкили озмунҳои шаффоф ва одилона барои ишғоли вазифа завқу шавқи ҷавононро ба таҳсил бедор мекунад, мисле, ки Маркази миллии тестӣ умеду эътимоди ҷавононро барои қабули мунсифона ба донишкадаву донишгоҳҳо афзудааст. Дар миёни ҷавонони тоҷик садҳо соҳибистеъдодҳое ҳастанд, ки сарвати бебаҳои зеҳнию маънавии миллат ба шумор мераванд. Эшонро имрӯз бояд қадр ва дастгирӣ намуд, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост.

 

:.  Фарҳанг 14.03.2016 10:10 1913

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz