Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2.Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
3.Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
5.Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
6.Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
Дар боби 3-и Қонун масоили забони соҳаи илму маориф, фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма баррасӣ шудааст. Яъне қонун талаб муайян кардааст, ки:
Моддаи 8. Забони таҳсил
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Моддаи 12. Забони воситаҳои ахбори омма
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар фаъолият менамоянд.
Масъалаи хеле ҷиддие, ки солҳо ҳалли ухдро намеёбад ва пайваста маврити баррасию таҳлилу тадбирҷӯиҳо қарор дорад, забони эълону рекламаҳо аст. Ба хусус, рекламаҳое, ки дар кӯчаю бозорҳо, овезаҳои сари роҳҳо, корхонаю муассисаҳо пешниҳод мешаванд. Аксари ин рекламаҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва сипас давлатӣ навишта мешаванд. Ғалатҳои имлоӣ ва мантиқии ин гуна рекламаҳо боиси нигаронии донишмандони забон ва мутахассиосни соҳа гашта бошанд ҳам, масъулон дар ҳалли ин мушкил саҳлангорӣ мекунанд. Пас, таваҷҷӯҳ кунед, ки қонун дар ин самт чӣ талабот пеш мегузорад:
Моддаи 13. Забони эълону реклама
1. Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад.
2. Эълону реклама тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад.
Яъне тамоми эълону рекламаҳо нахуст бояд бо забони давлатӣ интишор ва пешниҳод шаванд. Дар ҳолати зарурӣ бо дигар забонҳо, аммо имрӯз дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва биноҳои тиҷоратию саҳҳомӣ эълону рекламаҳо аввал бо дигар забонҳо (русию англисӣ) ва баъд бо забони тоҷикӣ манзур гаштаанд, ки ин хилофи қонун аст.
Қонуни мазкур дар моддаи 14 муайян кардааст, ки забони иттилоот ва коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ аст.
Дар боби 5-и қонун, ки ба забони номгузорӣ бахшида шудааст, номгузории ташкилоту маҳалҳоро низ тибқи талаботи меъёрҳои забони давлатӣ тақозо менамояд.
Моддаи 18. Номгузории ташкилотҳо
1. Номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешавад.
Моддаи 19. Номгузории маҳалҳо
1. Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
Чун дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ риоя шавад ва ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар татбиқи талаботи он ва риояи меъёрҳои забони адабӣ саҳм гузорад. Дар сурати акс қонун муайян кардааст:
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Пас, мутеи қонун будан ва ба он эҳтиром гузоштан, кафили осудагию озодии мову шумост.
Р.Камол