Фарҳанги оиладорӣ, ки ҳафтае як маротиба таълим дода мешавад, одоби муошират, фарҳанги хонадорӣ, тарбияи фарзанд ва дигар паҳлуҳои нозуки оиладорӣ таълим дода мешаванд. Бояд гуфт, ки фарҳанги оиладорӣ барои омӯзгорони собиқадор фани нав нест. Ба ин монанд, қаблан дар муассисаҳои таълимӣ фанни «Этика» ва замони соҳибистиқлолӣ аз рӯи китоби Раҳим Хуррамзод ба хонандагон маърифати оиладорӣ дарс дода мешуд.
Муҳтавои барномаи таълимии ин фанҳо фарогири ҳама паҳлуҳои оиладорӣ набуданд ва ба такмили иловагӣ ниёз доштанд. Аммо барномаи нави таълимӣ, ки имсол дар синфи 11 ҷорӣ шудааст, мувофиқи вазъи иҷтимоию равонии мардум таҳия шуда, ба дархури имрӯзи ҷомеа аст.
Донишмандони риштаи ҷомеашиносӣ пешниҳод доранд, ки дар доираи таълими фарҳанги оиладорӣ, мавзӯъҳои марбут ба илми ҷинсшиносӣ низ ба ҷавонон омӯхта шавад. Зеро аз таҳлилу пурсишҳои иҷтимоӣ баремояд, ки 50 дарсади ҷанҷолҳои оилаҳои ҷавон аз ноогоҳии масоили ҷинсӣ сар мезананд. Ҳамчунин, мебояд баъзе паҳлуҳои нозуки оиладориро дар алоҳидагӣ ба духтарон омӯхт.
Сокинон зимни суҳбат атрофи ин мавзӯъ ҳамзамон баррасии масоили интихоби ҳамсарро дар барномаи таълимии хонандагон ва семинарҳои омӯзишиеро, ки бо иштироки падару модарон доир мегарданд, муҳим мешуморанд. Дар ин хусус Санавбар Ҳафизова, сокини вилояти Хатлон чунин андеша дорад: «Пӯшида нест, ки аксари духтарони русто дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ мисли писарҳо озод нестанд. Яъне писарҳо иродаи рад кардани номзади интихобкардаи зодмандонро доранд, вале на ҳамаи духтарҳо аз тарси падар ба ин кор қодиранд».
- Падару модаронро мебояд дар масъалаи оиладоркунии фарзандон аз ақли солим истифода намуда, дурандешу закӣ бошанд. Расму анъанаҳои бо хешу ақрабои худ қудо шудан дар бисёр ҳолатҳо боиси бадбахтии ҷавонон ва ҳатто канда шудани иртиботи хешутаборӣ мегарданд. Таълими фарҳанги оиладорӣ натанҳо ба ҷавонон, балки барои зодмандон, хусусан модарони хонашин ҳам ҳатмист. Зеро насле, ки имрӯз модару хушдоман мешаванд, худ ба таълими маърифати оиладорӣ ва ташаккули зеҳнӣ ниёз доранд, -мегӯяд Санавбарбону.
Ба гуфти Санавбар Ҳафизова, ҷавонон дар интихоби ҳамсар озоду аммо аз маслиҳату машварати зодмандон низ дар ин маврид бояд бархӯрдор бошанд, чунки бештари фарзандон аз ҳисси рӯякӣ нафареро ба ҳамсарӣ мепазиранду баъдан пӯшаймон мешаванд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки таълими фани фарҳанги оиладорӣ дар ҳалли бештари мушкилоти хонаводагӣ мусоидат менамояд. Аммо пешниҳоди эшон ин аст, ки фани мазкур аз ҷониби омӯзгороне таълим дода шавад, ки ҳадди аққал 15 -20 соли таҷрибаи оиладорӣ доранд.
Роҳи дигари пешгирӣ аз афзоиши ҳолатҳои пошхӯрии оилаҳо ба муҳокимаи омма вогузор намудани ин мушкил аст. Мавзӯи сабабҳои ҷудошавии оилаҳо баъзан дар воситаҳои ахбори умум ба таври густурда роҳандозӣ мешавад, аммо баъдан фаромӯш мешавад. Ҳол он ки масоили мубраме, мисли пошхӯрии оилаҳо, бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа бошад ва матлабу гузоришҳо дар ин мавзӯъ пайваста табъу нашр гарданд. Зеро ҳакиме фармудааст: Таваҷҷуҳ ба мушкилот қадами нахуст дар ҳаллу фасли он аст.
Хулоса, айни ҳол, дар Соли оила таълими фарҳанги оиладорӣ ба насли ҷавон амалӣ гашта истодааст. Рӯшанфикрону донишмандон ва ҳар фарди худогоҳро мебояд фикру андешаи худро оид ба баланд бардоштани сифати таълими ин фан дар мактабҳо ва бозомӯзии калонсолон тавассути семинару вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ ироа намоянд, то дастандаркорон дар самти таҳияи барномаю адабиёти илмӣ - таълимӣ маводи судмандеро таҳия ва пешниҳоди хонандагону донишҷӯён гардонанд.
Ҷамолиддин Сайфиддин