08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МУАРРИФИИ КИТОБИ «ЧОРДОДАРОН» ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

- Эҷоди асари насрӣ расидан ба ҳадаф аст, ки дар ин роҳ бузургтарин адибони дунё асарҳои оламгир эҷод намуда, танҳо ба ҳадаф наздик шудаанд. Ва ҳеҷ кас ба ин ҳадаф намерасад, зеро баъди он дигар зарурати насрнависӣ аз байн меравад. Аз ин рӯ, асарҳои ҷолиби адибони тоҷик низ кушиши ба ҳадаф наздик шудан аст. Хусусияти эҷодиёт ҳам ин аст, ки шахсият, вуҷуду хулқу атвор ва умуман, ҳама хислатҳои мусбату манфии инсон дар асарҳои эҷоднамудаи ӯ ифшо мешаванд, мегӯяд Саттор Турсун.  -Эҷодиёти Гулчеҳра Муҳаммадиева накҳату таровати диёри зодгоҳаш Фархори бостониро дошта, муаллиф иффату  порсоӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи бонувони русторо дар асараш хуб инъикос кардааст.

  Шоира Гулрухсор Сафиева, зимни рӯнамои асари «Чордодарон» иброз дошт, ки як хусусияти хоси асари мазкур ин масъалагузории муаллиф тавассути образҳои эҷодкардааш мебошад. – Дар ҳикояҳои қисми аввали «Чордодарон» муалифаш  Гулчеҳра масъалагузорӣ мекунад, ки Тоҷикистон мисли кафгирест, ки ягон амалу ҳодиса аз чашми омма пӯшида намемонад. Адиб масъулу ҷавобгари қаҳрамонҳои офаридааш буда, зеро образҳои офаридаи нависанда дар ҳаёти минбаъдаи хонандаи китоб таъсири худро мерасонад. Аз ҷумла, дар ҳикояи «Фирор аз худ»- и муаллиф роҳҳои ҳифзи иффату покдомании духтарони русто хуб масъалагузорӣ кардааст.

Дар ин маҳфил дигар адибону мунаққидон ва олимони соҳаи адабиётшиносӣ Аъламхон Кӯчаров, Кароматулло Мирзоев, Нур Табаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Амиршоева ва Акрамшо Шокиров андешаҳои худро оид ба паҳлуҳои гуногуни китоби «Чордодарон» баён намуданд.

 Қобили зикр аст, ки муаллифи асари «Чордодарон» Гулчеҳра Муҳаммадиева дар баробари кори эҷодӣ ба ҳайси мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, хонандагон ӯро бо ҳикояҳои «Як шаб», «Қасоси зан», «Бонувони Фархор», «Бӯи модар» ва дигар асарҳои эҷод намудааш мешиносанд.

 

Ҷамолиддин Сайфиддинов

:.  Фарҳанг 21.10.2014 05:17 3773

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz