09

Сентябр, 2025
Сешанбе

09

Сентябр, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ…

Имрӯз ҷаҳониён тавассути шабакаи интернет ҳама гуна иттилоотро дастрас менамоянд ва китобҳои электронӣ ҳам дастраси умум гардидааст. Ин ҷараён раванди дастрасии иттилоотро густарда сохтааст, аммо рисолати китобро ҳамчун манбаи донишу маърифат ва ахлоқ поин бурд. Маънавиёте, ки хонанда аз мутоилаи китоб ба даст меорад, тавассути шабакаҳои интернетӣ амри муҳол аст. Истифодаи интернет ва сайтҳои иттилоотӣ ба муштарӣ маводи заруриро пешниҳод мекунанд, аммо дар ташаккули маънавиёту фарҳангу ахлоқаш саҳме нахоҳанд дошт. Ин хулоса пас аз мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои коршиносони зиёде аз мамолики пешрафтаи шарқу ғарб ба даст омадааст. Бо назардошти ин нозукиҳо Ҳукумату давлати Тоҷикистон барои густариш додани мақому манзалати китоб дар ҷомеа ва ҷалби хонандагонаш чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тавсиб расондааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» яке аз чунин тадбирҷӯиҳое буд, ки ба рушди соҳа заминаҳои воқеӣ гузошт. Дар моддаи 1-и қонуни мазкур омадааст:

Моддаи 1.Мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоддияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту корхонаҳо ва мақомоти давлатию идоракунӣ ҳуқуқи табъу нашрро замонат медиҳад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» муносибатҳои байни ноширон, таҳиягарон, паҳнкунандагон ва истифодабарандагони маҳсулоти чопиро танзим мекунад. Ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва ашхоси алоҳида низ метавонанд чунин муносибате дошта бошанд.

Маҳз дар замони истиқлолияти  Тоҷикистон сиёсати ягонаи  давлатӣ оид ба табъу нашри маводи чопӣ, аз ҷумла, китобҳои тахассусӣ, таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ муайян ва татбиқ гардид. Тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ нашриётҳои давлатию хусусӣ фаъолияти худро бо назардошти ин сиёсат ба роҳ монданд ва номгӯи зиёди китобҳои бадеӣ, илмӣ, таълимӣ ва соҳавиро ба чоп расонданд. Дар назди Сарвари давлат фонди махсусе таъсис ёфт, ки ҳадаф дастгирӣ ва ба чоп расондани асарҳои арзандаи илмӣ, бадеӣ, таълимӣ ва пажӯҳишӣ буд. Давоми солҳои истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фонди мазкур китобҳои зиёде нашр гашта ба хонандагон пешкаш шуданд. Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат барои барқарор намудани китобхонаҳои деҳот, хонаҳои маданияти шаҳру рустоҳои кишвар дастуру супоришҳои ҷиддӣ доданд ва ин иқдом марҳала ба марҳала татбиқ гардида истодааст. Китобҳонаҳои деҳот бо китобҳои тозанашр аз мероси ниёкон, намунаҳои беҳтарини адабиёти классикӣ, муосир ва ҷаҳон ҳаталимкон таъмин мешаванд.

Паҳлӯи дигари масъала таваҷҷуҳ ба муҳтавои китобҳо ва сифати онҳо аст, ки дар ин самт ҳанӯз мушкилоти ҳалношуда ҷой дорад. Пеш аз ҳама, мазмуну мундариҷаи на ҳама китобҳои чопшуда ба завқу талаботи хонандаи муосир ҷавобгӯ аст. Солҳои охир навистани ҳолномаҳо, ёддоштҳо, саргузаштҳо ва ба амсоли ин дигар китобҳо ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз ҷониби шахсони алоҳида таҳия шуда  нашр мегарданд. Ин гуна китобҳо доираи хеле маҳдуди хонандаро доранд ва дар рушди соҳаи китобу китобдорӣ нақше гузошта наметавонанд. Ва гузашта аз ин, як давраи хеле кӯтоҳе мақому манзалати худро аз даст хоҳанд дод. Таърихнигорӣ дар замони истиқлолият ривоҷ ёфт ва асарҳои арзандаю поянда ҳам таълиф шуданд. Маҳз иртиботи васеи давлати мо бо ҷаҳони муосир имкон дод, ки бисёр асарҳои хуби илмӣ-оммавӣ, таърихӣ ва соҳавӣ ба забонҳои дигар, аз ҷумла англисию русӣ ва форсию олмонӣ тарҷума шуда  пешкаши ҷаҳониён гарданд.

Дар замони шадиди ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ ва саривақт муайян ва қабул гардид. Ин сиёсат бо мақсади муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии иттилоотӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иттилоот, таъмини ташаккул ва инкишофи фазои ягонаи иттилоотӣ-фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ягонаи сиёсӣ ва маънавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян сохтани заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникию технологии воридшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоот таҳия ва қабул гардид. Маҳз ҳамин сиёсат имрӯз дар самти рушди соҳаи китобу китобдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳамчун ҷузъи тамаддуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тарғиби ғояҳои инсондустию сулҳофарини тоҷикон нақши муассире мегузорад. Агар боз волотарин технологиҳои муосир ба ҳаёти мо ворид шаванд ҳам, ҳеҷ гоҳ онҳо ҷойи китобро иваз карда наметавонанд. Китоб чун манбаи илму маърифат, касбу ҳунар ва ахлоқ боқӣ хоҳад монд. Чи хеле бузургон гуфтаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст!

                                                                  

                              Р.Камол

:.  Фарҳанг 10.09.2014 10:52 3424

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz