08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НИГИНА ҲУНАРМАНДИ ХАЛҚ БУД

Пардаро аз рӯйи лавҳасанг раиси ноҳия Каримиён Имомназар ва шоири шаҳир устод Бозор Собир бардоштанд. Сипас, дар театри халқӣ маҳфили ёдбуди Нигина Рауфова баргузор гардид. Раиси ноҳия  аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, аз нақши боризи Нигина Рауфова дар рушди санъати  кишвар ҳарф зад. Аз он изҳори ифтихор намуд, ки Нигина Рауфова дар пешрафти фарҳанги тоҷик саҳми беандоза дорад. Ва кору пайкори ӯро таърихи санъати миллии тоҷик садсолаҳо ҳифз хоҳад кард. Нигина ҳамчун нигини дастаи ҳунарии «Дарё» эътироф гардидааст.  Касе аз мухлисонаш хастагии овози ӯро ҳис накардаанд. Нигина Рауфова ҳофизи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буд.

          Ба маҳфили эҳтироми ҳунари Нигина Рауфова аз шаҳри Душанбе меҳмонони зиёд омада буданд.  Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарифов эътироф кард, ки солҳои наздик чунин маҳфили бошукуҳро надидаст, ки ин  нишон аз эътирофи ҳунари волои Нигина Рауфова аст.

Барои кулли иштирокдорони маҳфил мояи ифтихор буд, ки устоди калом Бозор Собир ба минбари сухан баромада шакаргуфторӣ кард. Аз  Нигина сухан кард,ки ӯ  аз ҳамаи унвондорони соҳаи санъат ба куллӣ фарқ мекунад. Ӯ воқеан ҳунарманди халқ аст. Дар тавсифи ҳунари Нигина Рауфова ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, барандаҳои ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ибодулло Машрабов ва Саидқул Билолов, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалов, ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳарамма Шарифова суханронӣ карданд.

Барои аҳли толор санъаткорони ноҳия, ҳамчунин дастаи ҳунарии «Дарё» бо иштироки Саидқул Билолов консерт доданд, ки асосан дар заминаи сурудҳои Нигина Рауфова таҳия шуда буд.

 

Р. НАЗИР
:.  Фарҳанг 27.05.2014 04:57 3960

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz