Пас, чаро бузургон ва мардумон модарро инсони раҳмдилу меҳрубон донистаанд? Ин маънӣ ва эътиқод боз ҳам аз рисолати азалии модар сарчашма мегирад, яъне нафаре сазовори номи модарист, ки ҳамеша бахшандаю меҳрубон ва мӯнису ғамхор бошад. Аз ин нигоҳ модар дар ҳамин пояю мақом фарзандонро тарбият менамояд, то эшон ҳам аз ин мактаб сабақи ҳаёт бигиранд. Мисли ӯ дар зиндагӣ меҳрубон ва инсондӯст бошанд. Рисолати тарбиятгар будани модар ва анҷом додани ҳама рукнҳои он аз ин меҳвар, яъне аз ғамхорию меҳрубонӣ ибтидо мегирад. Чӣ гуна модар метавонад ҷигарбанди худро дӯст надорад ва ҳини калон карданаш ва тарбияташ бемеҳр бошад? Наметавонад! Ҳама модарон фарзандони худро дӯст медоранд ва орзу мекунанд, ки онҳо бегазанд бузург шаванд, соҳиби ахлоқи хубу илму маърифат шаванд, аммо ин ҳама боз маншаъ мегирад аз шинохти рисолати модарӣ. Ин рисолат ба ҳукми офаридгор асту аммо анҷом доданаш ба зиммаи модарон. Кӣ дар ҳаёт чӣ мақому манзалатеро соҳиб хоҳад шуд, боз пайванд аст ба фаросату зарофату маърифати эшон. Пас, метавон хулоса кард, ки на ҳама модарон дар шинохту адои рисолати хеш мондагор ҳастанд.
Шинохт ва эътимод
Вақте фарзанд дар батн пайдо мешавад, рисолати модар шудану модар будан оғоз мегардад, аммо он ба гунаи мухталиф шинохта мешавад. Бонувоне ҳастанд, ки тарбияи ҷигарбанди худро аз батн шурӯъ мекунанд. Рафтору гуфторашонро тавре танзим мекунанд, ки ба тифл озоре ё осебе нарасад. Баъзеҳо дар он андешаанд, ки чун фарзанд ба дунё омад, он вақт шинохту эътимод ба рисолати модар оғоз мешавад, аммо ин гумонест хато. Мутахассисон баъди пажӯҳишу таҷрибаҳои зиёде ба хулоса омадаанд, ки ба давраи ташаккулёбии тифл дар батни модар эътибори ҷиддӣ додан зарур аст, зеро ҳар як тағироти хурду бузурги равонию ҷисмонӣ дар организми модар ба тифл таъсири бештаре мерасонад, дар қиёс ба ҳаёти баъди таваллуд. Ҳар як амал, эҳсос ва гуфтори бад ё хуб ба гунаи асл ба тифл таъсир мерасонад. Дар ин марҳала агар модарон ба ҷурми моҷароҳои хонаводагӣ асабонӣ, бемор ва ё дучори дигар муносибатҳои носолим мешаванд, ба тифли батнашон ҳам озору осеб мерасонанд. Ин ногузир аст, зеро тифл бо онҳост ва пайванди ногусастании биологӣ дорад. Агар ба тифл озоре расонд, ба андешаи бузургон, аз як ҷониб ва ба хулосаи мутахассион, аз ҷониби дигар, дар шинохт ва эътимоди рисолати модарӣ ба иштибоҳ роҳ медиҳад, яъне баъди тавлиди фарзанд ҳам ӯ наметавонад аз иҷрои ҳама рукнҳои рисолати модарӣ барояд. Аз ин нигоҳ модаронро ҳам чанд гуна донистаанд. Модаре, ки ба дунё меорад, модаре, ки тарбият медиҳад ва модаре, ки дар камолоти ақлию донишу малакаи фарзанд нақши бориз мегузорад.
Воқеият
Бо тавлиди фарзанд зиндагӣ руҷӯи дигаре мегирад. Модар ба мақоми азалиаш мерасад ва аз ин меҳвар шеваи рӯзгораш тағйир мехӯрад, аммо на ҳама соҳибмақом мегарданд. Чаро? Баъзеҳо тифлеро ба дунё меоранду модар мешаванд, аммо наметавонанд дар тарбияи онҳо саҳм бигиранд, зеро дар шинохти рисолати хеш комил нестанд ва наметавонад ин бори гарон, аммо пурарзишро ба дӯш бардоранд. Дигарон ҳини тарбия аз шеваҳои носолим даст мегиранд, яъне баъзан ба кӯдак уқубату тундӣ мекунанд, яъне тарбият, инкишоф ва камолоти кӯдак бе озор нест. Пас, дар ин мавридҳо модар будани онҳо аз ҳамон мавқеъ ва мақоми додаи бузургон зери суол мемонад. Кӯдакон дар раванди камолоти ҷисмонӣ, ақлонӣ ва равонӣ марҳалаҳои гуногунро паси сар мекунанд. Агар ин давраҳо низ бо ин шева бигзаранд, камолоти хуби рӯҳию маънавии чунин кӯдаконро кафолат додан амри маҳол аст. Хонаводаҳое ҳастанд, ки муҳити таълиму тарбияи фарзандон дар пояи унсурҳои хурофотӣ ва қолабии бебунёд шакл гирифта, масъулияту уҳдадории модарро дар чаҳорчӯбаи расму одату анъаноти носолим нигоҳ медорад. Гоҳе баъзе модарон услуби тарбияро барои фарзандони ба истилоҳ «якраву гапнодаро»-и худ дар пояи ҷаҳлу озор ва тундравӣ матраҳ мекунанд. Ба гумони эшон ин шева метавонад фарзандро тарбия намояд ва «ақлашро ба сараш орад», аммо бегумон подоши чунин «дарс» фарзандони бадахлоқу дар воқеъ қайсару гапнодаро хоҳад буд.
Матлаб
Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо ҷомеа хулосае кард, ки агар дар воқеият гоҳе ва ҷойе рисолату масъулияту уҳдадории худро ба ҳайси падар ва ё модар шинохта натавонистем, бояд он ба ҳукми санаде ба тавсиб бирасад ва аз он хеле ҷиддӣ пайгирӣ кард. Дар акси ҳол, ин раванд дар ташаккули шахсият ва мақому манзалати насли минбаъда зуҳуроти номатлуби зиёдеро ба бор хоҳад овард. Ва, ниҳоят, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тавсиб расид, ки низоми таълиму тарбияи муосиру муҳими насли имрӯзро дар муҳити хона, мактаб ва ҷомеа матраҳ намуд. Пас, ҳамин аст, ҳукми зиндагӣ, талаби ҷомеа ва сиёсати замон дар ҳошияи рисолати азалии тарбияи фарзандон. Аз ин равзана бояд ба ҳаёт нигоҳи дигаре бояд кард ва фардоро аз имрӯз бояд сохт, то мувоҷеҳи мушкилоту монеаҳо нашавем ва дар шахси фарзандон ворисони арзандаи хонаводаю давлату миллатро ба камол бирасонем.
Р.Камол