08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРВАТИ СИТОРА

Аз хурдӣ таҳти таъсири муҳити хонавода ба хондани китоб оғоз намуд. Аз афсонаҳои нахустин то қаҳрамонҳои машҳури адабиёт меомӯхт, аз онҳо ибрат мегирифт ва нисбат ба қаҳрамонони манфӣ нафрат пайдо мекард.

          -Ҳар китоб маҳсули андешаи одамони бузург мебошад,- ақида дорад ӯ. Тасаввур намоед барои офаридани як образ нависанда чӣ қадар заҳмат мекашад. Кори онҳо таҳрири зиндагии мо ва ба роҳи росту дуруст ҳидоят намудани ҷомеа аст. Ва ин аст, ки Ситора Абдумуъминзода мактаби № 35-и ноҳияи Шаҳринавро аъло хатм намуд. Дар маҳфилҳои мактабӣ ва ноҳиявӣ иштирок менамуд. Дар озмуни «Китобхони беҳтарин», ки дар Донишкадаи такмили ихтисос баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гардид.

          -Тавассути китоб метавонӣ бо ҷаҳон гуфтугӯ кунӣ, масалан «Доғистони ман»-и Расул Ғамзатовро хонда, тамоми Доғистонро давр мегардӣ, мегӯяд ҳамсӯҳбатам. Ба суоли ман, ки ин шабу рӯз кадом китобро мехонад, гуфт китобҳои Дейл Корнегиро мутолиа дорад.  

Роҳи Ситора Абдумуъминзода ҳама вақт тахту ҳамвор набуд. Баъди хатми мактаби миёна ният дошт ба Донишгоҳи тиббӣ шомил гардад, вале муваффақ нашуд. Ин ҳам ӯро дилшикаста накард.

                                Аз ноумедиҳо басо умед аст

                                    Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

          Ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Қатъӣ қарор дод, ки афзалияти китобхониро ба мардум талқин хоҳад кард, аз ин ғановати маънавӣ дигаронро низ бархурдор хоҳад сохт. Ҳоло ӯ дар курси панҷум таҳсил дорад ва дар китобхонаи илмии донишкада ба сифати мудир фаъолият мекунад. Ситора муратиби китоби шарҳиҳолии профессор Аслиддин Низомов буда, айни ҳол дар пайи омода намудани китоби дигари шарҳиҳолии Гавҳар Умарова аст.

Ситора сарватманд аст. Ва боз аз он хушнуд аст, ки касбаш тақозо менамояд дигаронро низ аз ин сарват баҳравар созад.

-Китобхона ба бонк шабоҳат дорад, - мегӯяд ӯ.- Дар ҳарду ҳам сарват маҳфуз аст. Фарқ дар он аст, ки сарвати бонк муваққатӣ асту аз китобхона  абадӣ.

                                                                                   

Раҳимаи Аъзам

:.  Фарҳанг 03.12.2013 08:49 3567

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz