08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

УСТОДИ ШОИРОНИ ҶАҲОН


 

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

                                                                                                         Низомии Арӯзии Самарқандӣ

Вақте сухан дар боби шеъру шоирӣ меравад, пеш аз ҳама номи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вирди забон меояд. Тамоми адибони баъдина ба маҳорат ва қобилияти шеъргӯии ин шоири нотакрор сари таъзим фуруд оварда, ба ӯ унвонҳои „Маликушшуаро“, „Одамушшуаро“, „Соҳибқирони шоирӣ“, „Қофиласолори назм“, „Устоди шоирони ҷаҳон“ ва амсоли инҳоро арзанда донистаанд.

Адиби асри XII Рашидии Самарқандӣ Рӯдакиро „сари шоирон“ меҳисобад:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам, ки бо тахаллуси Рӯдакӣ машҳур аст, соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди водии Зарафшон ба дунё меояд. Ҳанӯз дар синни ҳаштсолагӣ Қуръонро аз худ намуда, равон ва ҷаззобу шево қироат мекунад. Баробари ақли расо овози дилкаше доштааст, ки диққати санъаткори шинохта Абулаббоси Бахтиёрро ба худ ҷалб менамояд ва тайи чанд сол таҳти роҳбарии ӯ навохтани уду руд, барбату чанг ва танбӯру найро машқ мекунад.

Шуҳрати Рӯдакӣ пайваста ба гӯшаву канори кишвар паҳн мегардад ва дере нагузашта шоир ба дарбори Насри I Сомонӣ даъват мешавад. Нуфузи ӯ дар дарбор низ меафзояд. Аҳли дарбор ба ӯ мартабаҳои баландро сазовор медонанд. Вазири Сомониён Абулфазли Балъамӣ, ки аз сарпарастони устод Рӯдакӣ буд, фармудааст: „Дар Аҷаму Араб мисли Рӯдакӣ шоире нест!“.

Давлатшоҳи Самарқандӣ дар „Тазкират-уш-шуаро“ менигорад: „Дар рӯзгори Оли Сомон шеъри форсӣ равнақ ёфт ва устод Рӯдакӣ дар ин илм саромад буд ва қабл аз ӯ шоире, ки соҳиби девон бошад, нашунидаам, бас воҷиб намуд, ки ибтидо аз устод намоям“.

Озар дар тазкираи „Оташкада“ дар ситоиши Рӯдакӣ менависад: „Устод Рӯдакӣ дар рӯзгори давлати салотини Оли Сомон буда ва нахуст дари ганҷинаи шеъри форсиро ӯ ба калиди забон кушудааст… Ба ҳар ҳол, то замони Рӯдакӣ шоире соҳибдевон набуда“.

Муаллифи асари „Саромадони сухан“ Ҳусайни Дониш маҳорати баланди шоирӣ ва санъаткории Рӯдакиро ин тавр ба қалам медиҳад: „Рӯдакӣ қасидаҳояшро ба авсофе, ки ба зебоиҳои табиат ва бадеаҳои фитрӣ оид аст, зинат медиҳад. Охир, гурезгоҳе ёфта, ба ситоиши мамдуҳ мегирояд“.

Устод Рӯдакӣ то тавонист, шеъри форсии дариро ба қолаби муайян даровард. Дар ашъори гаронбаҳояш аз истифодаи калимаҳои бегона ва душвор худдорӣ намуд. Ӯ на танҳо шакл ва навъҳои назми тоҷикро ба ҳадди аъло расонид, балки мазмуни онро низ ғанӣ гардонд. Шоир бо эҷодиёти пурғановати хеш ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки асоси онро саҳли мумтанеъ ташкил медиҳад. Шояд аз ин ҷост, ки дар ашъори ӯ ҳама чиз – муҳтаво, забон, луғат, баён, сабк ва воситаҳои тасвир равон, сода ва табиист. Баҳри намуна, аз ашъори боқимондаи шоир мисол меорем, ки дар қалбҳои поки мардуми кишвар ва берун аз марзи он ошён гузоштаанд:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

***

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

***

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

 

Замони камолоти эҷодии Рӯдакӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Баъди бесарусомониҳои дарбори Сомониён, вазири донишманд ва пушту паноҳи Рӯдакӣ – Абулфазли Балъамӣ бо „гуноҳи бединӣ“ кушта мешавад. Ин воқеа ба тақдири Рӯдакӣ низ бетаъсир намемонад. Душманони шоир молу мулки ӯро мусодира карда, ба чашмаш мил мекашанд. Ҳамин тавр, шоир ба зодгоҳ баргашта, баъди се соли нобиноӣ, соли 941 аз олам чашм мепӯшад.

Меросии адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз 110 ҳазор то 1 млн 300 ҳазор (ба ифодаи Рашидии Самарқандӣ – сездаҳ раҳ сад ҳазор) мисраъ донистаанд. Аммо сад афсӯс, ки аз ин миқдор то замони мо дар ҳудуди камтар аз 2 ҳазор байт боқӣ мондаасту халос.

Рӯдакӣ соҳибдевон буда, теъдоди зиёди қасида (“Шикоят аз пирӣ“, „Модари май“ ва ғ.), ғазал, қитъа, рубоӣ ва понздаҳ маснавӣ (“Калила ва Димна“, „Синдбоднома“, „Даврони Офтоб“) фаъолияти эҷодии ӯро ғанӣ гардонидаанд.

Соли 1925 Рӯзи Рӯдакӣ таъсис ёфт. Соли 1958 дар ҷаҳон 1100-солагӣ, соли 2008 дар ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он 1150-солагии зодрӯзи устод Рӯдакӣ ҷашн гирифта шуд. Осори ӯ бо адади зиёд нашр гардид. Дар ҷумҳурӣ ҷоизаи махсуси давлатии ба номи Рӯдакӣ таъсис ёфт. Садҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯчаҳо, хиёбоне дар пойтахт, Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва амсоли инҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаанд.

Рӯдакӣ ҳамчун устоди шоирон бо хизмати шоиставу арзанда ва мақоми таърихӣ на танҳо асосгузори адабиёти тоҷик гардид, балки пояи адабиёти тамоми форсизабонони дунёро низ тарҳрезӣ намуд.

Аз ин ҷост, ки дар қатори мардуми тоҷик форсизабонони дунё бо ихлоси баланд мегӯянд: „Устод Рӯдакӣ ифтихори мо буд, ҳаст ва хоҳад монд!“

 

Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,

номзади илмҳои филология

:.  Фарҳанг 31.10.2013 11:44 5258

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz