08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУИ ШЕРДИЛ

 

Бонувони бурунмарзӣ

Фарқе намекунад намояндаи як миллат дар кадом сарзамин умр ба сар мебарад. Муҳим ин ки бо расму оин ва фарҳанги меросии худ пойбанд бимонад. Дуруст аст вақте мегӯянд: „Беватан будаи дар ёди ватан бо ватан аст!“ Қаҳрамони матлаби мо аз зумраи афродест, ки асолатан тоҷик аст, аммо дар марзи сиёсии ғайритоҷикӣ таваллуд шуда, ба кишвари севум барои иқомат кӯч бастааст. Аммо ҳамеша бо ёди ватани аҷдодӣ, зиндаву поянда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, таблиғи русуми тоҷикӣ ва дастгириву кумакрасонии ҳаммиллатонаш зистааст. Ин шахс Хуршеда Ҳамроқулова аст. Тоҷикзани ватанхоҳу миллатдӯст. Ҷустуҷӯи ному насаби ӯ дар мурургари Google – интернет дар камтар аз 3 сония бештар аз 2300 натиҷа медиҳад. Ин далел гувоҳи бебаҳси маъруфияти ӯ дар ҷомеаи байналмилалӣ аст. Шояд баъд аз огоҳӣ пайдо кардан аз зиндагиву фаъолияти Хуршеда Ҳамроқулова шубҳа кунем, ки чунин коре чӣ гуна мумкин аст?! Оре, ин шакку шубҳаи мо ҷой дорад. Чун афроде монанд ба ӯро камтар медонему мешиносем. Вале ҳарчи аз Хуршеда Ҳамроқулова дар зимн хоҳед донист, бидуни камтарин тардид ҳақ асту рост.

 

„Меросбар“-и волидайн

Хуршеда Ҳамроқулова дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Волидайнаш аз муҳофизони забону адабиёти тоҷик буданд. Модараш Додар Ҷалилова ифтихори шогирдии устод Садриддин Айниро дорад.

Шояд мероси падару модар буд, ки Хуршеда Ҳамроқулова вориди ҷодаи забону адабиётомӯзӣ гардида, соли 1969 факултаи филолигияи русро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд хатм кард. Баъд аз 3 соли дигар барои идомаи таҳсил дар аспирантура ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (МГУ) фиристода мешавад. Бо баҳонаи идомаи таҳсил ба он шаҳр рафту ҳамакнун бештар аз 40 сол аст, ки дар Маскав зиндагӣ дорад. Тавре худаш нақл мекунад, соли 1980 бо муваффақият рисолаи номзадиашро бо ихтисоси „Адабиёти халқҳои СССР“ ҳимоя намудааст. Аз ҳамон сол ин ҷониб вориди майдони амал мегардад, ки танҳо барои номбар кардани вазифаҳо ва макони фаъолияташ ду саҳифаи маҷалла кифоят нахоҳад кард.

– 20 соли аввали дар Маскав будан, ҷомадонам ҳамеша омода буд. Меандешидам, ки ё ба Самарқанд бар хоҳам гашт, ё барои зиндагии доимӣ ба Душанбе хоҳам рафт. Аммо бадбахтиҳои солҳои 90 сар заданду ин орзуи ман ҳам бар бод рафт. Дар Маскав мондам, шояд барои ҳамешагӣ. Зеро фарзандони ман ин ҷо таваллуд шудаву соҳиби касбу кор гардидаанд, – мегӯяд ӯ.

Ҳоло дар баробари дигар вазифаҳои ҷамъиятӣ Хуршеда Ҳамроқулова вазифаи дотсентии факултаи филологияи Донишгоҳи илмиву таҳқиқотии „Мактаби олии иқтисодӣ“-ро адо менамояд. Ҳамзамон аз фанни „Забони русӣ ва фарҳанги нотиқӣ“, „Фасоҳату балоғати баён“ барои донишҷӯён лексия мехонад.

 

Таблиғгари фарҳанги миллӣ

Дар ин рӯзҳо бештари вақти худро сарфи таблиғу ташвиқи фарҳангу маънавиёти миллӣ кардааст. Вай мегӯяд, бо шуруи ҷанги шаҳрвандӣ, қисме аз тоҷикон ба Русия муҳоҷир шуданд. Ин боис шуд, ки ӯ даст ба иқдоми тозае бизанад.

– Соли 1996 мо, чанд тан аз намояндагони фарҳангии тоҷикон, дар Маскав ба хулосае расидем, ки як маркази фарҳангии тоҷикӣ таъсис бидиҳем. Ин тасмим дархӯри замон ва вазъият буд. Дар Маскав шумори тоҷикон меафзуд, ки аксари эшон сарпаноҳ надоштанд. Ин марказ бо ҳадафи кумак ба эҳтиёҷмандон таъсис шуд. Ман ба ҳайси раҳбари марказ интихоб шудам. Имрӯз аз таъсиси ин марказ 17 сол мегузарад, – мегӯяд Хуршеда Ҳамроқулова.

Баъдтар ин марказ расман Созмони ҷамъиятии минтақавии шаҳри Маскав „Маркази фарҳангии тоҷикӣ“ ном гирифт. Дар тӯли ин солҳо самтҳои асосии фаъолияти марказ мушаххас шудааст. Қабл аз ҳама марказ дар самти фарҳангиву рӯшангароӣ кор мебарад. Хуршеда мегӯяд: „Ҳадафи аслии мо таблиғи фарҳанги тоҷикӣ аст“.

–Марказ чорабиниҳои гуногун баргузор мекунад: барномаи ҳунарии сарояндаҳои Тоҷикистонро ба роҳ мемонад, силсилаи шабҳои „Биёед, дӯстӣ кунем!“-ро доир мекунад, намоиши мусаввараҳои рассомони тоҷикро ҳамонҳанг месозад, дар мавзуъҳои мухталиф мизҳои мудаввар баргузор мекунад, – илова мекунад Хуршеда Ҳамроқулова.

 

Наврӯзи тоҷикон дар Маскав

Яке аз дигар иқдомҳои назарраси марказ таҷлили ҷашни Наврӯз аст. Ин ҷашни аҷдодии тоҷикӣ бо талошҳои Маркази фарҳангии тоҷикӣ сар аз соли 2006 инҷониб дар Маскав таҷлил мешавад.

– Соли 8-ум аст, ки мо аз Наврӯз таҷлил мекунем. Бо гузашти ҳар сол шумори меҳмонони мо меафзояд. Наврӯзи имсола дар Толори консертии давлатии „Маскав“ ва варзишгоҳи „Лужники“ бо иштироки бештар аз 15 ҳазор нафар баргузор шуд. Ҳамаи ин солҳо ман раҳбарии гурӯҳи кориро ба уҳда доштам ва коргардониашро ба роҳ мемондам, - мегӯяд Хуршеда.

Воқеан, ин талошҳо аз замири як фарди худшиносу худогоҳ бар меоянд. Агар чунин намебуд, дар 40 соли дуриву ғурбат аз тоҷикияти ӯ хабаре боқӣ намемонд. Вай мегӯяд, бо ин корҳо андармон шуда, тоҷикони муҳоҷиру муқими шаҳри Маскавро низ фаромӯш накардаанд. Бино бар гуфтааш, тоҷикон ба марказ муроҷиат мекунанд ва хоҳони кумак мешаванд: мадади ҳуқуқӣ мехоҳанд, дар ҳал кардани муомилоташон бо корфармоёни бевиҷдон ёрӣ мехоҳанд.

– Дар ҳадди тавонамон мадад мерасонем: машварат медиҳем, назди ҳуқуқшиносон мефиристем, роҳи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро нишон медиҳем, баъзан барои беморон кумаки моддӣ мерасонем ва ғайра. Бо хадамоти муҳоҷират, бо сафорати Тоҷикистон дар Русия муносибати ҳасана дорем, - мегӯяд ӯ.

Аз фаъолияти ин бонуи худогоҳи тоҷик ҳарчи бигӯему бинависем, ҳанӯз кам аст. Аммо зикри як нукта муҳим аст: ӯ қасд дорад дар оянда дар назди Маркази фарҳангии тоҷикӣ давраҳои омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикиро барои ҳамаи хоҳишмандон ба роҳ монад.

– Мо медонем, ки амалӣ намудани ин иқдом душвор аст, вале талош хоҳем кард. Чунин таҷрибаро дар соли 1997 доштем. Ба атфол забон ва адабиёти тоҷик, таърих, дарси рассомиву раққосӣ меомӯзондем. Мутаассифона, баъди як сол фаъолияти ин давраҳо қатъ гардид. Ҳамакнун мехоҳем онро дубора эҳё созем, – меафзояд Хуршеда Ҳамроқулова.

Аз мо ин таманно нисораш бод, ки муваффақу пирӯз бигардад.

 

Таҳияи Ё. Ҳалимов

:.  Фарҳанг 30.10.2013 11:10 2126

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz