08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАН ВА МОШИН


 

Бино бар иттилои БДА, дар солҳои охир шумори ронандазанҳо дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, шавқу ҳаваси эшон ба касби ронандагӣ боло меравад. 15–20 сол муқаддам дар байни касбомӯзони ронандагӣ ҳамагӣ як ё ду зан мушоҳида мешуд. Ҳоло бонувон ҳам дарк кардаанд, ки ронандагӣ касби хуб аст ва ба он бештар рӯ овардаанд.

Дар ҳоли ҳозир, дар шаҳри Душанбе аз нисф зиёди хонандаҳои мактабҳои ронандагиро бонувон ташкил медиҳанд. Бештари эшон барои дарёфти тахассуси „В“ (ҳуқуқи ронандагии мошини сабукрав, то 4 ҷойи нишаст) таҳсил мекунанд.

Зимни имтиҳонсупорӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ тақрибан 60 дарсади занҳо дар бори аввал аз имтиҳон мегузаранд.

Аз маҷмуи садамаҳои нақлиётӣ ҳатто 20 дарсад ҳам ба бонувон тааллуқ надорад. Ба далели ин ки занҳо автомобилро бо суръати паст меронанд. Аз он ҷо ки бештари садамаҳо ҳангоми зиёд кардани суръати ҳаракат сар мезананд, эҳтиёткории занҳо боис мегардад, ки онҳо аз садама эмин бимонанд. Маданияти ронандагии бонувон хеле баланд аст.

          Шаҳодатномаи ронандагӣ дар давлатҳои мутараққӣ ҳамвазни номаи камоли хатми мактаби миёна баҳо дода мешавад. Мутахассисон мегӯянд, шарт нест ҳама мошини шахсӣ дошта бошанд, муҳим ин ки ҳамагон мошин ронда тавонанд. Биноан, пешниҳод мешавад, ки ҳамаи афрод – зану марди ба синни 18 расида соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гарданд.

Ахиран дар як кишвари осиёӣ дар робита ба ронандагии занҳо таҳқиқоти сотсиологие сурат гирифтааст, ки натиҷааш хеле ҷолиб аст. Зимни ин таҳқиқот, ки миёни 200 зан анҷом шудааст, 10 дарсад гуфтаанд, ки мошинро бад идора мекунанд, вале дар ҳамин ҳол ҳам беҳтар аз шавҳаронашон маҳорати ронандагӣ доранд;

14 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ҳанӯз нозирон онҳоро тафтиш ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боз надоштаанд;

41 дарсад иброз доштаанд, ки ҳангоми сар задани ягон ноҳамворӣ дар мошинашон ба мардон муроҷиат мекунанд;

21 дарсади ин занҳо гуфтаанд, ки каму беш аз уҳдаи таъмири мошини худ мебароянд;

Аксарият гуфтаанд, ки дар 23 - солагӣ шаҳодатномаи ронандагӣ дарёфт кардаанд ва дар 25- солагӣ соҳиби мошини шахсӣ гардидаанд;

Далели ҷолибе, ки ин пурсиш ошкор кардааст, он аст, ки 41 дарсади пурсидашудаҳо иброз доштаанд, ки боре ҳам ба садамаи нақлиётӣ гирифтор нашудаанд.

:.  Фарҳанг 30.10.2013 06:34 3137

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz