08

Июн, 2025
Якшанбе

08

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗИЁИИ ТОҶИК РӮЗНОМА НАМЕХОНАД?

Аммо сабаби навиштани ин матлаб муносибати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо васоити ахбори омма нест. Чизе, ки моро ба нигоштан таҳрик дод, дардест, ки аз муносибати баъзе шахсони ба ном зиёӣ  маншаъ мегирад. Рӯзе аз ин маҳал мегузаштем. Ҳамроҳам, ки сарварии як мактаби бузурги пойтахтро бар дӯш дорад, ин тарафу он тарафро нигоҳ карда, асабонӣ ба худ гуфт: «Ба ҷойи ҳамин газетаҳо себ ё олу фурӯшанд, беҳтар нест?». Ин суханон мисли раъду барқ аз  мағзи ман русух карданду пурсидам, ки оё воқеан ҷиддӣ мехоҳад, ки ба ҷойи рӯзномаҳо мева фурӯшанд?

– Ман аз соли 90 боз рӯзнома нахаридаву мутолиа низ накардаам, – посух гуфт муаллим.

Дар як лаҳзаи хеле кӯтоҳ садҳо суоле дар мағзам пайдо шуд, ки мехостам ҷавоби онҳоро аз ҳамроҳам бигирам, аммо мантиқ мегуфт, шахсе, ки 23 сол боз аз ҷараёни зиндагӣ канор афтодааст, ба кадом суоле посух гуфтан метавонад?

Аз ҷониби дигар, мантиқан суолҳои дигаре посух мехоҳанд, ки чӣ гуна чунин омӯзгорон аз атестатсияҳои Вазорати маориф мегузаранд? Чӣ тавр онҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ роҳ меёбанд? Ва аз ҳама муҳим, чунин ашхоси аз маърифат дур ба фарзандони мо чӣ меомӯзанд?

Ҳамчунин дил хеле мехоҳад аз чунин одам бипурсӣ, ки  аз худат, аз фарзандонат, аз шогирдон ва аз ҷомеае, ки дар он ба сар мебарӣ, шарм намедорӣ? Дар ҳолати пеш омадани мушкиле ба фарзанд чӣ маслиҳат медиҳӣ? Ба суоли шогирдонат, ки имрӯз ҳар лаҳза ба Интернет дастрасӣ доранд, чӣ гуна ҷавоб хоҳӣ дод ва оё виҷдонат (агар дошта бошӣ) имкон медиҳад, ки осуда хоб равӣ ё бо виҷдони ором маош бигирию сари дастархон бинишинӣ?

Воқеан, зиёии имрӯзро бо зиёии 20-соли пеш муқоиса кардан имкон надорад. Ин 20 сол чӣ гуна тағйирот овард?! Ёдам ҳаст, замони донишҷӯйӣ дар мактаби 65-и пойтахт таҷрибаи педагогӣ мегузаштему ҳар кадоми моро бо омӯзгори ботаҷрибае вобаст намуда буданд. Рӯзе дар даст чанд дона рӯзнома ба мактаб рафтам. Муаллиме, ки роҳнамоии маро бар дӯш дошт, рӯзномаҳои дастамро нигоҳ карда гуфт:

– Чаро дигар рӯзномаҳоро нахаридӣ?

– Тамом шуданд, ин охиринаш буд, –посух додам ман.

Ӯ бо ҳаракоте, ки нороҳатии вайро ошкор мекард, мубориза бурда оқибат худро ба даст гирифта, қотеъона гуфт:

– Агар ин тавр аст, саҳар барвақттар аз хоб хезу рӯзномаҳоро бихар! Шахсе, ки мехоҳад омӯзгор шавад, бояд дар ҷараёни ҳаводис қарор дошта бошад!»

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки он замон ҳар рӯз рӯзномаҳо аз дасти чоп мебаромаданд. Субҳи солеҳон мардум дар назди дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ навбат мепоиданд. Касе намехост аз дигарон ақиб монад, зеро дар маҳалли кор  ва хона хабарҳои нав ё матолиби ҷиддӣ миёни ҳамкорон ва аъзои оила муҳокима мешуданд. Ҳоло бошад, ҳафтае як маротиба чоп мешаванд ва боз ҳам аксари зиёиёни мо онро намехонанд. Пас, мешавад онҳоро зиёӣ гуфт? Илова бар ин, дар ҳоли ҳозир, аксари мардум ба ҳоли шахсони рӯзномахон механданд. Гӯиё, кори сода ва носавобе анҷом медиҳанд. Агар чунин муносибат идома ёбад, ба куҷо мерасем? Оқибати ҷомеа чӣ гуна хоҳад буд?

Чанд сол қабл матлабе нигошта будам таҳти унвони «Зиёӣ ва семечка», ки он ҳам аз чунин тарзи муносибати омӯзгорон сарчашма мегирифт. Вақти хариди рӯзнома аз ҳамроҳам, ки солҳои тӯлонӣ саварии яке аз омӯзишгоҳҳои пойтахтро бар дӯш дошт, пурсидам, ки ҳафтаномаҳоро мутолиа намудааст?. Ӯ дар посух гуфт: «Дар як сомонӣ ба ҷойи рӯзнома семечка гирам, ҳазор бор беҳтар аст».

Ин аст сатҳи маърифати баъзе омӯзгорон ва ба ном «зиёиён» -и миллат. Чӣ расад ба Интернет ва дастрасӣ ба маорифи сатҳи байналмилал! Бинобарин, қабл аз он ки ба худ суол кунем, ки чаро сатҳи дониши фарзандон паст аст, бояд мушаххас намоем, ки сатҳи дониши омӯзгоронаш дар кадом сатҳ аст, зеро бузургон фармудаанд:

Бе мураббӣ зири гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

                                                

Эмомалӣ Сайидамирзод

:.  Фарҳанг 13.09.2013 11:45 2046

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz