08

Сентябр, 2025
Душанбе

08

Сентябр, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ВА ПАРҲЕЗКОРӢ

Моҳи шарифи Рамазон мутобиқи фалсафаю фарҳанги исломӣ айёми поксозии тану руҳ аст, ки риояи он фаъолияти буняи инсонро муътадил месозад, аммо бисёриҳо ба хотири тамоми рӯз ташнаю гурусна намондан субҳ ғизои зиёд истеъмол мекунанд. Ва гоҳе барои гузарондани вақту фарорасии шом соатҳо хоб мераванд. Ин гуна усули рӯзадорӣ хеле ба даст. Табибон мегӯянд, ки вақте бо меъдаи пур инсон мехобад, ҳатман ба дарди меъдаю рӯда гирифтор хоҳад шуд. Ё вақти ифтор истеъмоли зиёди ғизо ва нӯшокӣ ҳам меъдаро бемору захмӣ месозад. Ин муҳлат, ки баро як моҳ аст, пас, хулоса кунед, ки ҳар рӯз меъдаи шумо субҳу шом чӣ қадар азоб мекашад.

Пас, илоҷ чист? Табибон тавсия медиҳанд, ки субҳона истеъмоли ғизоҳои гӯштӣ, хамирӣ ва сернамак ҷоиз нест. Баръакс, хӯрдани ғизоҳои ширӣ ва сабук муфид аст. Кӯшиш кунед, ки миқдори намак дар ғизо камтар бошад, зеро зиёд будани он ташнагӣ меорад ва ташнагӣ аз гуруснагӣ  бадтару хатарноктар аст барои организми инсон. Шом  ҳам зуд пайи ҳам обу ғизоҳои зиёдро истеъмол кардан зарар дорад, зеро меъда рӯзи дароз «истироҳат» дошт, наметавонад ба зудӣ миқдори зиёди хӯрокро ҳал намояд. Аз ин рӯ меъёру андоза то ба ҳадде бояд бошад, ки ташнагию гуруснагӣ рафъ шавад, на то пур шудани меъда.

Табибон барои онҳое, ки бемориҳои меъдаю рӯда доранд, рӯзадориро тавсия намедиҳанд. Бахусус, вақте истеъмоли дору ё ғизои кам ҳар чанд соат зарур бошад. Аз тарафи дигар гурусна будан дар соатҳои муайян ва ё кам кардани меъёри ғизо ва намудҳои он барои табобати бисёр бемориҳо аз ҷониби табибон тавсия дода мешаванд. Ин яке аз усулҳои маъмул ва қадимии табобат аст.

Моҳи шарифи РАМАЗОН ба як маънӣ санҷиши имону ибодат, ирода ва дур будан аз гуфтору пиндорӣ бад аст. Пас, ин покии руҳу равони инсон, оромию осоиши ҷисму ҷон аст. Ба истилоҳи табибон организми инсон ҳар вақт ба профилактика ниёз дорад , яъне парҳез мехоҳад ва ин амалро инсон бояд вақте анҷом диҳад, ки ба он ниёз бошад. Вақте эҳсос кардем, ки ин ё он навъи ғизо, ё маводи дигар организми моро ноҷӯр месозад ва ё ҳазми он мушкил мегардад, бояд парҳезро пеша кард.

Парҳез яке аз усулҳои маъмулу муҳими танзими фаъолияти буняи инсон аст. Дар тибби қадим табибони халқӣ барои табобати бисёр бемориҳо парҳезро тавсия медоданд ва натиҷааш хуб ҳам буд. Ин усул имрӯз низ миёни мардум маъмул аст. Мардуми огаҳ тӯли сол барои табобат ва низоми муайяни меъдаи худ дар муҳлатҳои муайян парҳез мекунанд. Тоза кардани буня аз ҳама гуна микробҳо ва дигар ангезандаҳои бемориҳо тавассути парҳез сурат мегирад.

Масъалаи дигар, ки иртибот мегирад ба нафси инсонӣ, боз ҳам ҷиддӣ ва муҳим аст. Нафс ҳам дар бисёр ҳолатҳо ҳаёти солими инсонҳоро заҳролуд месозад. Нафс доираи хеле фарохи зеҳну тафаккур, ниёзҳои модди, ғизоӣ ва маънавии инсонро фарогир аст ва агар он идорнашаванда бошад, инсон ҳамаҷониба бемору ранҷӯру касиф хоҳад шуд. Яке аз рисолати муқаддаси моҳи шарифи Рамазон ин аз одати баду носавоб дурӣ ҷустан аст, яъне боз ҳамон ҳидоят, ки инсон худро ҳам аз нигоҳи зеҳни, равонӣ , маънавӣ, рафтору гуфтору пиндор ва нафс пок созад. Яъне ин оғози роҳи некию накӯкорӣ, покию покизакорӣ ва маърифату саодати воқеӣ аст.

Дар ин моҳи файзу баракат дастурхони шуморо бояд бештар меваю сабзавоти тару тоза, нӯшокиҳо аз гиёҳҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот оро диҳанд. Риояи реҷа, меъёр ва парҳезкорӣ – ин аст омили асосии ҳаёти солими шумо ва фарзандони шумо.

 

Раҳматуллои Камол

:.  Фарҳанг 12.07.2013 11:10 2419

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz