- Агар таъми фатиру қурутоби таърифкардаи Президентро чашидан хоҳӣ, фардо биё, ки навбати хамир дорем, - гӯён бибии Ойиша аз дидору суҳбати хотирмонаш бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшзад кард.
Ноне зи дасти модар
Ҳамду сано ва қадршиносии бонувони рустоӣ, ки баёзи гесувону ожангҳои дасту рухсораҳояшон баёнгари ранҷу заҳмати саҳрост, аз самимияту ҳисси мардумсолории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Қаҳрамони навбатии мо бонуи 87 - солаест, ки лаззати ҳунарҳои кадбонугӣ ва накукориҳои модаронаашро Сарвари давлат дар вохӯрие бо мардум ситоиш карда буд.
Ойиша овони тифлӣ аз падару модар ятим монда, дар тарбияи бародару сунҳораш ба воя мерасад. Чун дигар кӯдакони даврони ҷанги зидди фашистон азоби қаҳтиро паси сар карда бошад ҳам, вале қашшоқию гуруснагӣ, меҳнати сангини тобистони сӯзону сардиҳои қаҳратуни зимистонро дар ростои дарду ғами ятимӣ ҳеҷ медонист.
- То аз сари қудрат рафтани Хрушёв шиками серу либоси мавсимиро надида будем. Баъдан, ба ивази музди кори саҳро орд мегирифтему сатҳи зиндагиамон беҳтар шуд,- ба ёд меорад Ойиша Муродова. - Ҳафт фарзандамро дар боғчаи кӯдаконаи хоҷагӣ бо гардсӯзу атолаи мардум калон кардаам, ки солиёни зиёд дар он ҷо мураббия будам. Худоро шукр, ки бароям ҳамсояҳои нек насиб гардиду инак, 69 сол боз дастгиру мададгори ҳамдигар ҳастем. Муддате ки дар беморхонаи пойтахт бистарӣ будам, маҳз бо аёдати ҳамсояҳои азизам дубора ба по хеста, ба хона баргаштам.
Ӯ, ки дар кӯдакӣ аз тарбияву меҳрубониҳои зодмандон маҳрум гашта буд, дар симои ҳамсояи покизасиришташ Тӯйдигул модари худро медид, ки ҳама нозукиҳои кадбонугиро таълимаш дода, дар шебу фарозҳои зиндагӣ роҳнамову ҳидоятгараш буд. Пухтупази нону фатирҳои лолагун, шакаробу қурутоб ва таҳмолу дигар ғизои лазизи миллиро маҳз модари нуронирӯй омӯхтааст.
- Дар он солҳо хоҳарзодаи ҳамсояи мо, ҳамакнун Сарвару Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он давра донишҷӯ буд, ба хонаи тағояш меомад. Он бачаи тануманди меҳнатдӯст бо хушгуфторию хислатҳои зебояш ба зудӣ маҳбуби дилҳо гардид,- лаҳзаҳои дидору суҳбатҳои хотирмонашро бо Сарвари давлат ба ёд меовард пири ҳунар, - баъдан ба ҳамсоядухтари мо оиладор шуду ҳар замоне, ки ба аёдати хусуру хушдоманаш меомад, дар бозгашт чун савғотӣ ду нони калон ё фатири равғанӣ дар бағоҷи мошинаш мемондам, ки ҳамсафараш бошад.
Ниёзҳои пирона
Бо гузашти солҳо «аз чашм дуру ба дил наздик» мондем. Бо ҳама серкорию масъулияти бузурги давлатдорӣ Президенти кишвар ба аёдати мани солманд омада, аз ҳолу аҳволам пурсон шуд. Аз дидору суҳбатҳои дилнишинаш пазмон шуданамро пай бурда, бароям як акси калонашро армуғон овард, - ба портрети болои сараш ишора карда, изҳор дошт Ойиша Муродова. - Дар он лаҳзаҳои дилангез аз дидору суханони Пешвои миллат неруи тоза гирифта, ба худ мегуфтам: «Гарчанде ба ёди дигарон намерасам, ки ба хотири хизматҳои чиҳилсолаам, боре ҳам ба аёдатам намеоянд, аммо назаркардаи Худоро бубин, ки бо ҳама вазифаву масъулиятҳои бузурги давлатдорӣ мани барҷомондаро фаромӯш накардааст. Албатта, касе пирону ниёзмандонро ёд кард, Худо эшонро гиромӣ медорад».
Баъди лаҳзаи сукут варзидан ин пири ҳунар бадоҳатан иброз дошт, ки дар замони бознишастагӣ ягон мушкили иҷтимоӣ надорад, аммо одамӣ дар овони пирӣ ба таваҷҷуҳ ниёз дошта, андак қадрдонии кору пайкораш аз ҷониби атрофиён рӯҳашро болида месозад.
- Афсӯс, ки дар маҳалҳо собиқадоронро кам суроғ мекунанд. Наход арзандаи як даста гулу табрикномаи Рӯзи Модар набошем, - гӯён таъкид дошт мусоҳибам.
Пандҳои модарона
Ойишахола сари суфра нишаста, ордбезон атрофи масоили тарбияи насли наврас, таҳсилоти олию касбу ҳунаромӯзии духтарон қабл аз издивоҷ ва ғайра сухан карда, афзуд, ки фарзандонро тарзе ба воя расонем, то асолати миллию расму русуми аҷдодиро фаромӯш насозанд. Хоксориву самимият, хушбинию покдилӣ ва родмардиро аз Пешвои миллат биомӯзанд.
- Соли 1981 барои хизматҳои арзандаам дар кори тарбияи кӯдакони боғча маро бо мошини сабукрави «Жигули» қадр намуданд. Вақте ҷону дармон доштам, субҳгоҳон то сунҳорҳоям аз хоб мехестанд, ман аллакай хамирро баста, шири дӯшидаамро меполондам,- ба ёд меорад гузаштаро бибии Ойиша. - Шакаробу қурутоби имрӯзиёнро хӯрда наметавонам. Чаро ки дар қиёс бо равғани зарду қурути тоҷикие, ки дар омода кардани қурутоб истифода мебурдем, наврӯидҳо аз дуғи хунуку равғани мағоза кор мегиранд, ки на бӯи хуше дораду не таъми лазиз. Худо биомурзад момаи Тӯйдигули ҳамсояи маро, ки асрору назокати пухтупазу чанд ҳунарҳои хонагиро ба ман омӯхта буд. Барои як қурутобро омода кардан, як соат оби қурутро каф зада, онро дар ҷойи гарм печонда мемонд. Фатири гармро дар табақ реза карда, аз болои он резамайдаи пиёзи бехиро мепошид ва баъд қурути обкардашударо меафзуд. Дар охир равғани зарди доғкардашударо дар табақи пурғизо мерехт, ки бӯи хушу гуворо ва ҷаззасти он ҳавлиро пур мекард.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ