Дастархонороӣ дорои этикаи махсус буда, вобаста ба ҷашну маросим ва меҳмондорӣ ба тарзҳои гуногун омода карда мешавад. Насаб Мамадбекова, омӯзгори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бар он назар аст, ки дар шароити кунунӣ дастархон ба пеши меҳмон бояд бо чунин тарз ороста гардад, ки шумо дар сурат мебинед. Ба гуфти ӯ, ин тарзи оростани дастархон заҳмати зиёдро талаб намекунад, зеро рӯйи он хӯроку ширинӣ ва хӯришҳое гузошта мешаванд, ки онро худаш омода намуда аст. Ҳоҷати ба мағоза рафтану сарф кардани маблағи зиёдатӣ намемонад.
Насаб мегӯяд, ки аз рӯи этика, суфра бояд пас аз омадани меҳмон кушода гардад. Баъдан, нон ва чою пиёла оварда шуда, вобаста ба вақту замон дигар анвоҳо гузошта мешаванд. Вақте меҳмон нисфирӯзӣ ва ё бегоҳӣ вориди хонадони мо мегардад, бояд ҳатман қабл аз хӯрок навъе аз хӯришро истеъмол намоянд. Дар назар дошт, ки қабл аз овардани хӯриш, ҳатман чангаку қошуқ ва қошуқча, инчунин, барои таомҳо чака ё ҷурғот рӯйи дастархон гузошта шаванд. Ҷой додани дастмолро набояд фаромӯш сохт. Сипас, бо гузаштани 20 дақиқа аз истеъмоли хӯриш, хӯроки аввал, ки сабук (шӯрбо, угро, карамшӯрбо ва ғ.) аст, пешкаши меҳмон мегардад.
- Хӯроки дувумро замоне назди меҳмон меорем, ки аз тановули таоми якум 25–30 дақиқа сипарӣ шуда бошад. Вале, шомгоҳон хуб мебуд, ғизои дувум пешкаш нагардад ва аз нон низ кам истеъмол карда шавад. Чунки аз меъёр зиёд истеъмол намудани нон, гардиши оби баданро кам менамояд. Ва ин боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мешавад. Ҳамин тавр, меваҷот ва дар охир ширинӣ ё мураббои мевагӣ назди меҳмон гузошта мешаванд,-иброз медорад Н. Мамадбекова.
Ҳангоми меҳмондорӣ ҳатман масофаи нишастанро низ риоя кардан мебояд. Ба меҳмон наздик нишастану гаштаву баргашта ёдрас намудани тановул низ аз рӯи одоб нест.