07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАҲМОЛ

03-2019(45)

Маҳсулоти зарурӣ:

 

Орд; 

Об; 

Намак; 

Қаймоқ;

Ҷурғот;

Равғани офтобпараст;

Маска.

 

Усули пухтани таҳмол:

03-2019(43)

Хамири таҳмол аз обу орду намак тайёр карда шуда, барои мисли заволаи чапотӣ суст омадани он каме хамиртуруш истифода мешавад. Баъди омода намудани хамири таҳмол онро ба матои ғафс печонда муддати ним соат дам мепартоем.

То расидани хамир дар як хурма (кострюл) як миқдор қаймоқ, ҷурғот ва равғани ширинкардашударо бо ҳам омехта менамоем. Баъди расидани хамир онро бо заволачӯб (чӯбу тахтаи заволатунуккунӣ) мисли чапотӣ тунук карда, дар болои он маҳсулоти дар хурма тайёркардаамонро мемолем. Заволаро мисли қаламафатир ба ҳам печонда, онро ба ошхона мебарем.

03-2019(42)

Товаро болои дегдонча гузошта, зери он оташ меафрӯзем. Вақте тани това ба хубӣ ҳарорати гармӣ пайдо кард, дар болои он як миқдор мас­ка мегузорем. Баъди маҳлул шудани маска заволаи таҳмолро рӯи он тунук мекунем. Истифодаи равғани маска дар зери таҳмол ба он таъми махсус бахшида, ҳамзамон намегузорад, ки маҳсулоти мо ба тани товаи тасфида часпида, сифаташро коста гардонад.

Барои пухтани таҳмоли хушсифат дастони чолоку тезҳаракат мебояд, то заволаи таҳмолро чобуку оҷилона болои товаи тафсон тунук карда, онро ба шакли қурси нон табдил дод. То пухтани таҳмол онро тез-тез молиш дода, рӯгардон намоем, то ки ҳар ду тарафи қурси болои това баробар пухта сурху лолагун гардад.

 

Шамъигул Шоева, кадбону

:.  Дастархон 17.03.2019 14:18 1253

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz