Маҳсулоти лозима:
Тухм — 3 дона
Шакар — 1 Стакан
Орд — 1 Стакан
Себ — 1 дона
Афлесун — 1 дона
Равғани растанӣ — 1 қошуқ
Тарзи таҳия:
Барои омода намудани пирог, тухм ва шакарро муддати 3-5 дақиқа бо миксер лат мезанем. Баъдан равған ва ордро ҳамроҳ намуда, ба қолаб мерезем. Себ ва афлесунро дар болои пирог чинда, дар ҳарорати 180 гармӣ мепазем.