Маҳсулоти лозима:
Тухм — 2 дона
Гӯшти мурғ — 150 гр
Помидор — 1 дона
Барги хӯриш — 4 дона
Равғани растанӣ — 2 қошуқ
Хлеби сафед — 2 тилим
Шарбати лимон — 1 қошуқ
Намак
Тарзи таҳия:
Аввал дар лаълӣ баги хӯришро мегузоред. Баъдан гӯшти мурғи пухташуда, помидор ва тухмро ба шакли калон-калон реза менамоед. Хлеби сафедро ба шакли чоркунҷаи майда реза месозед. Ба хӯриш равғани растанӣ, шарбати лимон ва намак ҳамроҳ мекунед.