Маҳсулоти зарурӣ:
Орд - 500 г;
Тухм 8 - 9 дона;
Равғани кунҷид ё офтобпараст - 150 г;
Шир - 150 грамм;
Пиёзи сабз ва зираворӣ
Тарзи таҳия:
Ба як истакон об як тухм ва 1 қошуқча намак андохта, кам-кам орд ҳамроҳ менамоем ва хамири каме сахт мешӯрем. Онро зувола карда, 15-20 дақиқа дам медиҳем. Сипас, хамирро 4 қисм карда, ҳар қисми онро боз 4-ҳиссагӣ мебурем ва зуволачаҳо карда, 15–20 дақиқа дам медиҳем.
7-8 тухмро бо қошуқ ё чангак лат зада, ширро ҳамроҳ менамоем, боз лат мезанем. Равған, намак, зираворӣ ва пиёзи сабзи резашударо ба он илова карда, то ғафс шудан меомезем. Зуволачаҳоро мисли хамири манту тунук карда, чоркунҷа реза мекунем. Чоркунҷаҳоро мисли лифофа аз се тараф сахт маҳкам карда, бо қошуқ ё чойникча омехтаи тухмро даруни он мерезем ва сахт маҳкам мекунем. Дар намакоби ҷӯшидаистода зуд лифофачаҳоро меандозем ва мепазем. Баъди пухтан онҳоро аз об ҷудо карда, бо равған омехта мекунем.
КӮЗАШӮРБО
Маҳсулоти зарурӣ барои 4 кӯза:
Гӯшт - 300 г;
Сабзӣ - 2 дона;
Картошка - 2 дона;
Қаланфури булғорӣ - 2 дона;
Помидор – 2 дона;
Пиёз - 1 дона;
Сирпиёз - 2 дандона;
Думба, намак, мурч, зира, кашнизи кӯфта - мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Дар кӯзачаҳои махсус гӯшти чанд ҳиссашударо баробар ҷой медиҳем. Сабзӣ, картошка, қаланфури булғорӣ, помидор ва сирпиёзро ду қисм карда, ба ҳар кӯза нимтоӣ мегузорем. Пиёзи резакардаро баробар ба кӯзачаҳо зам мекунем. Мувофиқи хоҳиш як бурида думбаро низ метавон ғунҷонд. Болои ҳар кадом кӯза каме намак, зира, мурч ва кашнизи кӯфта зада, бо оби тоза пур мекунем. Сарпӯши кӯзаҳоро монда, дар тафдони хунук мегузорем ва баъд муддати 30-40 дақиқа мепазем. Баъди пухтан тафдонро хомӯш карда, 10-20 дақиқа дам медиҳем.