Маҳсулоти зарурӣ:
Равғани маска - 50 гр
Тухм - 2 дона
Орд - 150 гр
Творог - 200 гр
Мураббо - 200 гр
Шакар – 4 қошуқ
Хокаи шакар – 1 қошуқ
Тарзи таҳия:
Равғани маска, шакар, зардии тухм ва ордро ҳамроҳ намуда, хамир мешӯрем ва дар қолаби ҳаҷмаш 20 - 25 см тунук мекунем. Ба дохили он дилхоҳ мурабборо мемолем. Ба творог 3 қошуқ шакар ҳамроҳ намуда, мунтазир мешавем. Дар зарфи дигар сафедии тухмро 5 дақиқа лат зада, ба творог ҳамроҳ мекунем ва ба рӯи кулчақанд мемолем. Онро дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем.