Туппачаҳои «Мампар»
Маҳсулоти зарурӣ:
Равғани растанӣ – 60 мл;
Гӯшт – 250 г;
Пиёз – 1 дона;
Картошка – 1 дона;
Қаламфури булғорӣ - 1 дона (ним сабз, ним сурх);
Хамираи помидор – 0,5 қошуқ;
Сирпиёз – 2 дандона;
Кашниз – 2 шохача, намак
Барои хамир:
Орд – 150 г;
Тухм – 1 дона;
Ним қошуқча намак, 30 мл об
Тарзи таҳия:
Гӯштро майда реза карда, дар оташи баланд мезирбонем. Сирпиёзро қима ва пиёзу қаламфурро чоркунҷа майда карда, ба зирбак омехта, таф медиҳем. Помидорро низ майда реза карда, бо кашниз ва хамираи помидор ба зирбак меандозем ва 2 дақиқа дам мепартоем. Баъдан зирбакро намак карда, картошкаи майда резашударо илова месозем. 1,5 литр оби хунук рехта, аввал дар оташи баланд, сипас дар оташи паст меҷӯшонем ва кафкҳоро мегирем.
Дар табақчае об, намак ва тухмро омехта карда, орд мезанем ва зуволаи сахт мешӯрем. 10 дақиқа онро дам дода, баъдан тунук мекунем ва туппачаҳои чоркунҷаҳои тақрибан як сантиметрӣ мебурем. 10 дақиқа пеш аз омода шудани шӯрбо онҳоро ба дег меандозем ва баъди пухтан 10 дақиқаи дигар бе оташ дам медиҳем.
Мураббо аз биҳӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
Биҳӣ – 1 кг;
Шакар – 7 истакон;
Об – 750 мл;
Ҷавҳари лимӯ – ¼ қошуқча
Тарзи таҳия:
Биҳиро хуб шуста, аз донакҳо ҷудо карда, ба қисмҳои начандон калон реза мекунем (бо шакли дилхоҳ). Оби сӯзонро болои биҳӣ рехта, 2–3 дақиқа нигоҳ медорем ва оби онро мерезем. Шакару обро омехта, қандоб тайёр мекунем ва биҳиро даруни он андохта, муддати 8 – 10 соат нигоҳ медорем. Баъдан қандоби онро аз биҳӣ ҷудо карда, муддати 10–15 дақиқа қандобро мепазем ва биҳиро боз илова карда, 10 соати дигар дам медиҳем. Ин амалро бори дигар такрор мекунем ва пеш аз пухтан ҷавҳари лиму илова карда, дар зарфҳои тамизшуда маҳкам мекунем.