САЛАТИ «ФАРАЊ»
Мањсулотї зарурї:
Себи сабз - 1 дона;
Барги салат - 1 бандча;
Райњон - 1 бандча;
Љуворимакка - 0,5 ќуттї;
Панир - 200 грам;
Тухми љўшонда - 2 дона;
Равѓани зайтун - 3 ќошуќ;
Пиёзи сабз (барои ороиш)
Тарзи тањия:
Себро тоза карда, ба шакли чоркунља реза мекунем. Барги салатро бо райњон ба шакли калон-калон майда менамоем. Панирро аз дандонањои калони тарошак мегузаронем. Љуворимакка ва њамаи мањсулотро дар равѓани зайтун якљо намуда, мекобем. Ба лаълича каме ќимаи помидор молида, мањсулоти омодашударо мегузорем. Ду зардии тухмро ба ду ќисм људо карда, дар љо-љои салатамон мегузорем. Ва пиёзи сабзро низ ду ќисм намуда, салатамонро оро медињем.
РУЛЕТИ «АЉИБ»
Мањсулоти зарурї:
Гўшти ќиммашуда – 600 гр;
Панир – 100 гр;
Тухми љўшондашуда – 5 дона;
Пиёз -1 дона;
Майонез -3 ќошуќ;
Мурчу намак мувофиќа таъб
Тарзи тањия:
Панирро аз дандонањои калони тарошакт мегузаронем, пиёзро ба шакли чоркунљаи майда реза карда бо гўшти ќимашуда, майонез ва намаку мурч якљоя мекунем. Дар лаълии тафдон равѓан молида мањсулотамонро ба шакли рулет мекунем. Ва тухмњоро дар як ќатор мечинему болояшро мањкам мекунем, ки тухмњо натобанд. Дар тафдон гузошта њарораташро ба 170 градус метобем. Пас аз 25–30 даќиќа рулети мо омода мешавад.