Масалест маъруф, нони гандум њар љо, кадбону љо – љо. Аммо ќањрамони мо аз дигар кадбонуњои солору рўзгордида тафовут дорад. Ў дар 18 -умин бањори умри хеш тавониста, ки чун кадбонуи бењтарини шањри Душанбе дар соли 2021 пазируфта шавад. Ўро ном Суман Сафаралиева аст, ки дар даври шањрии озмуни «Кадбонуи бењтарин» маќоми аввалро сазовор гашта.
Суман донишљўи соли дувуми коллељи тиббии љумњуриявист ва дар ихтисоси дорусозї тањсил дорад. Омўзгорони коллељ њине, ки аз баргузоршавии озмун эълон доштанд, Суман аз саф ќадаме пеш нињоду хоњиши дар ин сабќат мањорат озмуданашро изњор намуд. Шартњои озмунро ба хубї омўхту пайи пиёда сохтани нияти наљибаш гардид.
Дар даври шањрии озмуни «Кадбонуи бењтарин» њунару завќи кадбонуњои навоњии пойтахт намоиш дода шуданд. Мебоист, ки онњо чанд навъ таоми миллиро аз рўи номинањои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарфу ашёи рўи миз, пешнињоди таомњои субњона, чошт ва шом, маълумот оид ба номи дурусти таомњо, ѓизонокї ва таркиби он дар лавњањо, мањорати тањия намудани ѓизоњои мањаллї, миллї ва муосир, малакаи омода сохтани намудњои гуногуни хамир барои нонпазї ва дигар мањсулоти нониро тањия ва пешнињоди њайати њакамон созанд.
Суман остин барчиду пайи пухтупаз шуд. Нахуст барои субњона таоми миллї ва муосир - ўмочи башир ва хогина (омлет) тањия кард. Ба як пиёлаи орд каме об њамроњ намуду рўи кафи даст зиёд соиш дод. Ўмочи тайёрро бо каме райњон таф доду онро даруни шири сўзон њамроњ намуд. Ками дигар райњон партофту то пухтан омехт.
Барои тањияи хогина 3 тухмро бо ду ќошуќ орду ним истакон шир хуб лат зад, ду њасибчаро њалќа - њалќа бурид ва каме панирро аз турбтарошак гузаронд. Њамаро омехта, каме намак пошид. Рўи тобаи тафсон тунук -тунук пухта гирифт.
Барои хўроки чошт дўлобї (окрошка) ва чўљабирён омода намуд. Андешид, ки дўлобї, ки бо дўѓи сард тањия мегардад, дар бањору тобистон чун ѓизои парњезї айни муддаост ва эњтимол ба доварон хуш ояд.
Як картошка ва як тухми обпазро бо як дона бодиринги шўр чоркунља реза карда, пўсти шалѓамча (редис) – ро нисф - нисф пок карду бо кабудињои реза омехт. Як литр дўѓи сардро болои он рехту каме намак зад. Пас ба тањияи чўљабирён гузашт.
Мурѓи яклухтро нахуст хуб обпаз кард, баъдан мурчу намаку зира пошид. Рўи вараќи тафдонро равѓан молиду мурѓи очоршударо гузошт ва каме об њамроњ намуд. Ба ин тариќ, мурѓ буѓпаз шуду лазиз гашт.
Шўлаи тезак ва хўриши мевагиро, ки ѓизоњои сабук ва парњезї мебошанд, чун таоми шомгоњон пешнињод намуд. Дар об каме биринљи майдаро љўшонда, картошкаву пиёзро чоркунља реза намуду илова кард. Ќариби пухтан райњону намак андохт. Шўларо ба коса гирифту назди он зарфи чакка, љурѓот ва ќаланфур гузошт.
Як дона банан, як себ, як нашпотї ва як кивиро чоркунља реза карда, бо љурѓоти мевагї њамроњ сохт, ки нињоят хушхўр гардид.
Дар даври љумњуриявии озмун, ки дар боѓи «Ирам»-и пойтахт доир шуд, Суман тушбераи алафї, нашоиста, њалвои сурх пухта, кулчањоро дар танўр сурх кард. Баъдан зуволаи оши бурида шўрида, назди њайати њакамон моњирона тунук кард, пас гард молиду хеле зебо даста зад.
Њамсабаќон ва омўзгорони коллељ бо Суман дастархонро оро дода, рўи онро бо оши палав, фатиршўрбо ва хомшўрбо зеб доданд. Ба ин тариќ, Суман тамоми шартњои озмунро ба љо овард.
Санаи 2-юми апрел, даври шањрии озмуни «Кадбонуи бењтарин» бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе љамъбаст гардид. Љойи аввалро эълон доштанд ва Суман Сафаралиева њамчун кадбонуи љавону эътимодбахши шањри Душанбе дониста шуд.
- Боварнокарданист, ки аз миёни кадбонуњои соњибтаљриба маќоми аввал насиби ман гардид. Баъдан дарёфтам, ки њадаф аз баргузории чунин озмун мањз омода намудани љавондухтарон ба њаёти оилавист. Пўшида нест, ки яке аз сабабњои пошхўрии оилањои љавон аз масоили рўзгордорї бехабар будани духтарон аст. Шукр, ки бо дастгирии модар, бибї ва њамсари таѓоям тарзи пухтани ќариб тамоми намуди таомњои миллиро омўхтам. Тањияи ѓизоњои муосир ва ширинињоро аз тариќи телевизион аз бар намудам. Модарам аз кор баргашта, медид, ки шириние, ё хўриши наве омода кардаам, њайрон мешуду мепурсид, ки чї гуна омўхтаам, - мегўяд Суман.
Ин духтари хушхулќу кушодарў соли 2003 дар дењаи Зимчуруди ноњияи Варзоб ба дунё омадааст. Волидонаш айёми тифлии ў ба шањр кўч бастанд. Суман дар МТМУ № 72-и пойтахт тањсил намуда, баъди хатми синфи 9 ба коллељ дохил шуд.
Њанўз 8-сола буд, ки ба њунари пазандагї шавќу завќ пайдо кард. Модар санбўса мепечонду ў аз дур наззора ва њавас мебурд. «Тамошогар нашав, биё, ёрї расону ёд гир», - мегуфт модар. Дар 13-солагї аллакай мустаќилона таом, ширинї ва хўриш омода месохт. Агар ѓизо месўхт ё бемаза тайёр мешуд, оњиста онро мепартофу аз нав тањия мекард. Баъди тановули ѓизо ба модар ќоил мешуд, ки як миќдор мањсулотро исроф кардааст. «Боке нест, ёд мегирї, лек дафъаи дигар такрор нашавад», - бо љиддият мегуфт модар.
- Ваќте ба дењаи Дањанаи ноњияи Варзоб кўчидем, бибиям дар њамсоягии мо мезист. Пайваста ба корњои ў ёрї мерасондам ва аз ў дар танўр пухтани кулча, нон ва чапотї, њатто нозукињои њалвопазї, оши туппа ва буридаро омўхтам. Њамсари таѓоям њам дар ин кор сањим аст. Нисфи танўрро бо кулча ў пур мекарду ними дигарашро ман. Оши палави болаззат пухтанро њам аз ў ёд гирифтам. Ваќте аввалин бор мустаќилона оши палав тањия кардам, янгаам онро чашиду гуфт: «Офарин, аз имтињон гузаштї».
Суман ба дўзандагї њам шавќи зиёд дораду тарњи наќшњои миллиро барои куртаи чакан мекашад. «Чил њунар кам аст», - гўён зиёд хоњиши тарроњи либос шуданро дар дил мепарварад.
Аз тариќи телевизион ороиши мўю рўйро њам омўхтааст, ки ба ин тариќ, мўйи духтараконро бо тарњи зебо мебофад ва дар ороиш тахайюли рангини худро ба кор мебарад.
- Бояд њар тољикдухтар кадбонуи соњибзавќ бошад. Эњё ва њифзу нигоњдошти бењтарин суннатњои ниёгон вазифаи њар яки мост. Њунари пазандагиро фаро гирифтан худ як пањлуи маърифати оиладорї ва омода шудани духтарон ба њаёти мустаќилона аст. Аз ин рў, ният дорам, ки ба курсњои омўзишии ширинипазї рў ораму дар ин љода њам муваффаќ шавам, - мегўяд Суман.
Љавонон худ ояндаи хеш месозанд. Дар сурати кўшишу ѓайрат намудан, ба мисли ќањрамони ин сатрњо омўхтани њунарњои пазандагиву дўзандагї ба манфиати худу њам ањли хонавода аст, ки ба кас обрў, суд ва рўзгори осудаву фарањбахшро насиб мегардонад.
Ситора ШАРИФЇ