06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН АЗ ТАМАННО

 

Котлети мурғӣ

kokleti-murgi       Маҳсулоти зарурӣ:

      Гӯшти мурғ – 1 кг;

      Сирпиёз – 3–4 дандона;

      Пиёз – 1 дона;

      Хлеб – 0,5 дона;

      Тухм – 2 дона;

Талқони нон – 300 г;

Мурч, намак мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Гӯштро бо сирпиёз ва пиёз қима карда, хуб омезиш медиҳем. Қаблан дар зарфе ним пиёла оби хунук рехта хлебро тар менамоем ва бо кафи даст майда мекунем. Сипас, қимаро бо он хуб омехта намуда, аз онҳо ғелачаҳо тартиб медиҳем. Ҳар як ғелачаро ба кафи даст гирифта, даруни он каме панир ва маска илова менамоему онро маҳкам мекунем ва ба шакли дарозрӯя оро медиҳем. Ғелаҳоро даруни тухми латзада тар намуда, сипас ба талқони нон меғелонем. Ин амалро бори дигар такрор мекунем. Дар равғани сӯзон ғелаҳоро каме зирбонда, баъдан дар тафдон дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 30 дақиқа мепазем.

                                                         Торти «сафия»

      Torti-SafiyaМаҳсулоти зарурӣ:

      Орд – 1,5 истакон;

      Тухм – 8 дона;

      Шакар – 1,5 истакон;

      Моддаи ковоккунанда – 1 баста;

      Какао – 1 баста;

      Қаймоқи эронӣ – 3 қуттӣ;

      Ширқиём – 1 қуттӣ;

      Ширқиёми сурх – 2 қуттӣ;

      Маска – 2 баста;

      Крем «Дилала»

      Тарзи таҳия:

      Зардии тухмро аз сафедӣ ҷудо намуда, нахуст сафедиро бо шакар лат мезанем, баъдан зардияшро илова карда, хуб омехта менамоем. Сипас, моддаи ковоккунанда, какао ва ордро ҳамроҳ намуда, мекобем. Рӯи тобаро бо коғаз барои пухтупаз густурда, хамирро рӯи он мерезем. Дар ҳарорати 230 дараҷа муддати 20–30 дақиқа мепазем.

      Қаймоқ, ширқиём, ширқиёми сурх ва маскаро лат зада, болои кекс мемолем. Баъдан дар ним пиёла об креми хушки «Дилала»-ро ҳамроҳ намуда, лат мезанем. Онро низ болои креми аввалӣ мемолем. Шоколад ва чормағзро майда карда, рӯи онро оро медиҳем.

 

:.  Дастархон 24.05.2021 06:18 753

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz