Салати юнонї
Мањсулоти зарурї:
100 гр љаъфарї (петрушка),
40 гр панир (фетта),
10 гр зайтуни сабз,
Як ќошуќчагї афшураи лимў ва анор.
Ними помидору бодиринг ва чормаѓз (чормаѓзро як рўз пешакї дар љойи нам нигоњ бояд дошт)
Тарзи омода кардан:
Њамаи мањсулотро реза карда, бо њам омехта намоед. Аз болояш афшурањоро рехта, бо чормагз оро дињед.
Лахма љу
Лахма љуро туркњо асосан барои нањорї омода месозанд. Барои он 100 грамм хамир, 100 грамм гўшти ќима, помидор, афшураи помидор, љаъфарї лозим аст.
Хамирро хеле тунук кунед ва болои тоба монед. Дар болои хамири тунукнамудаатон афшураи помидорро молида, сипас, гўшти ќимаро низ тунук кунед. Тобаро ба тафдон гузоред. Баъди пухтани хамир помидори резакардашуда, љаъфарї, пиёзро болояш тунук намуда, оби лимўро рехта, печонед. Ва истеъмол кунед.
Ширинии «Магнолия»
Мањсулоти зарурї:
сафедии тухм;
шир;
шакалоди сафед;
дилхоњ мева, ванилин, печени.
Ширро бо сафедии тухм ва ванилин њамроњ намуда, бо миксер лат занед. Пас аз як соат ба зарфи дигаре (бењтараш бакал ё истакон) андохта, ба болояш печенињои майдакардашударо резед. Сипас, мевањоро (банан, ќулфинай, тамашк…) ба болои печенї резед. То пур шудани зарф печению меваро ќабат – ќабат резед.
Кабоби љангалї
Картошкаро чоркунља реза карда, дар равѓани тафсон бирён кунед ва бигзоред хунук шавад. Якбора як пиёла биринљро њам љўшонед.
Сипас, гўшти говро майда реза намуда, дар тоба то сурх шуданаш бо як ќошуќ афшураи помидор таф дињед.
Њамаи мањсулоти омоданамударо ба як табаќча рехта, ба он нахўди сабз, булѓорї ва кабудињои хушк илова намуда, бо њам омехта кунед. Биринљи љўшондаро дар зарфи алоњида гирифта, бо ѓизо тановул кунед.