06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН

Қалама

1w2 коса орд;

1 коса об;

ним пиёла равған;

намак мувофиқи табъ.

 

Аз маҳсулоти номбаршуда хамир омода мекунем. Пас аз 20 дақиқа дам гирифтани хамир онро бо тирак боз мекунем. Баъд равған молида, дар тирак мепечонем ва мебурем. Сипас, дар тобаи тафсони равғандор фатири омоданамударо бирён мекунем. Сипас, ба рӯяш шакар мепошем.

Ҳалвои тар

3wМаҳсулоти зарурӣ:

Ним истакон равғани растанӣ;

5 қошуқи калон орд;

шакар - 1 истакон;

об - 1 истакон; чормағзи кӯфта мувофиқи хоҳиш.

Тарзи омода намудани ҳалвои тар:

Дар оташи паст деги равғандорро гарм карда, кам – кам ордро илова менамоем. Бо сурх шудани орди бирёншудаистода шакарро якҷоя мекунем.

Ҳамаи онро дар дег мекобем, то он даме, ки шакар ҳазм шавад ва равған ҷудо гардад. Баъдан оҳиста – оҳиста оби гармро илова мекунем (аз оби хунук шакар сахт мешавад!). Маҳсулотро то ранги сурхи баланд гирифтанаш мекобем. Баъде, ки ҳалво ғафс шудан гирифт, дегро аз болои оташдон мегирем.

Каме хунук, ки шуд, онро ба табақчаҳо тақсим мекунем ва болояшро бо чормағз оро медиҳем.

Нахӯдшӯрак

2wМаҳсулотизарурӣ:

1 кггӯшт;

500 г сабзӣ;

7 - 8 дона пиёз;

2 истакон нахӯд;

райҳон, пудина, занҷабил (мувофиқи табъ), барги ғор, мурч.

Тарзи омода намудани нахӯдшӯрак

Бурдаи калони гӯшти устухондорро муддати 1- 1,5 соат дар 2 литр об ҷӯшонед. Баъд пиёзи резакардашуда, сабзӣ, мурч, барги ғорро андохта, дар оташи паст муддати 30 дақиқа ҷӯшонед. Баъд аз дег гӯшт ва сабзии пухтаро гирифта, нахӯди таркардаро ба дег андохта, то пухтан ҷӯшонед. Кабудии омоданамударо ба дег андохта, 5 дақиқа рӯи онро пӯшонед.

Гӯшту сабзии пухтаро алоҳида ва нахӯдро дар табақчаи дигар гирифта, рӯи дастархон гузоред. Оби шӯрборо алоҳида метавонед истеъмол намоед.

Иштиҳои том!

 

 

 

:.  Дастархон 29.03.2021 04:05 904

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz