Манту
бо сабзавот
Маҳсулоти зарурӣ:
Барои хамир:
Тухм – 1 дона;
Об – 200 мл;
Орд – 400 гр
Барои зирбак:
Карам - 300 гр;
Пиёз – 1 дона;
Картошка – 2 дона;
Намак, зира, мурч – мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Ба об тухм, намак ва орд илова карда, хамир мешӯрем. Онро зувола карда, каме дам медиҳем.
Карамро майда реза карда, ба он намак, мурч ва зира меандозему бо дастон сахт-сахт омезиш медиҳем, то карам аз об ҷудо гардад. Пиёз ва картошкаро дар шакли чоркунчаи майда реза карда, бо карам меомезем.
Зуволаро тунук карда, бо корд ба варақаҳои алоҳида мебурем ва сабзавотро гузошта, мантуҳоро мепечонем. Дар мантуқазон 35–40 дақиқа пухта, болои онро бо зирбак (пиёзу қаланфури бирён) оро медиҳем.
Хӯриши фаронсавӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
Лаблабу – 1 дона;
Сабзӣ – 1 дона;
Картошка – 1 дона;
Бодиринг – 2 дона;
Карам – 200 гр;
Нахӯди сабз – 150 гр;
Майонез – барои ороиш
Тарзи таҳия:
Сабзӣ ва лаблабуро андаке ҷӯшонда, аз турбтарошак борик мегузаронем. Карам ва бодирингро ба шакли дарозрӯя мебурем. Картошкаро низ борики дарозрӯя бурида, дар равған каме мезирбонем. Рӯи табақи калон нахӯди сабзро аз мобайн ва дигар сабзавотҳоро дар атрофи он мегузорем. Болои онро бо майонез оро медиҳем.
Кулчақанд
бо сабзӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
Сабзӣ – 300 г;
Орд – 300 г;
Равғани маска – 250 г;
Шакари ванилдор – 2–3 қошуқ;
Моддаи ковоккунанда – 1 қошуқча;
Хокаи шакар – мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Сабзиро майда аз турбтарошак гузаронда, ба он равғани маска, шакар ва ордро илова карда, хуб меомезем. Хамирро ба даруни зарф гузошта, рӯи онро маҳкам мепӯшонем ва дар яхдон то сахт шудан нигоҳ медорем. Баъдан онро гирифта, кам-кам орд пошида, зуволаи нарм омода мекунем ва дар ҳаҷми 3–5 см тунук карда, бо қолаб шакли ҳалқа медиҳем. Ба лаълии тафдон коғази махсус густурда, дар ҳарорати 180 дараҷа 20–25 дақиқа мепазем ва дар лаълӣ гузошта, бо хокаи шакар оро медиҳем.