Бону Шоира Қаландарова омӯзгор аст. Ӯ ба шогирдон забонҳои англисию олмониро меомӯзонад. Ҳамчунин, мекӯшад сари ҳар вақт бо хӯрокҳои лазизу ғайримуқаррарӣ хотири аҳли хонадонашро шод созад. Ӯ мегӯяд, кадбонугӣ шуғли дигари дӯстдоштааш мебошад ва дар баробари омода сохтани таомҳои миллӣ, инчунин, пухтани хӯрокҳо ва хӯришу қандинаҳои аврупоию дигар кишварҳоро дӯст медорад.
Шоира ба хонандагони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тарзи омода сохтани кекс, хӯриш ва як намуди таомро пешниҳод менамояд.
Хӯриши «Шоира»
200 грамм ҷуворимаккаи очоронидашуда;
200 грамм гӯшти мурғи обпаз;
2 дона бодиринги тар;
100 грамм хӯриши сабзигӣ;
2 дона тухми обпаз;
100 грамм нони хушк.
Тарзи омодасозӣ:
Ҳама маҳсулоти зикршударо дарозрӯ реза мекунем. Дар табақча маҳсулотро паҳлуи ҳам мечинем. Болояшро бо майонез дилхоҳ гул мемонем. Хӯриши мо тайёр шуд.
КЕКС
Маҳсулоти зарурӣ:
4 дона тухм;
1,05 пиёла шакар;
1 пиёла равған;
2 пиёла орд;
1 баста моддаи ковоккунанда;
2 дона лимӯ.
Тарзи омодасозӣ:
Маҳсулоти зикршударо пайи ҳам ба зарфе андохта, омехта мекунем ва то ҳадде лат мезанем, ки маҳсулот хуб ҳал шавад. Аз ҳама охир 2 дона лимӯро бо пӯсташ аз турбтарош мегузаронем ва ба хамири тайёршудаамон ҳамроҳ мекунем. Муддати 5 дақиқа дам медиҳем. Дар ин фурсат тафдонро дар гармии 180 градус нигоҳ медорем ва хамирро ба тоба мерезем. Барои пухтани кекс онро 15–20 дақиқа дар тафдон нигоҳ доштан кифоя мебошад.
Хӯрок аз гулкарам
ва гӯшти қима
Гулкарамро шуста, муддати 5 дақиқа дар оби намакдор меҷӯшонем. То он даме, ки гулкарам хунук шавад, ба тоба каме равған мерезем. Баъдан қимаи гӯшти мурғро бо 3 дона пиёзи бо тарзи чоркунҷа резакардашуда, ду дандона сирпиёз дар тоба мезирбонем. Ба зирбак мурч, намак ва моддаҳои хушбӯйкунанда илова мекунем. Зирбаки тайёршударо гирифта, ба шохаҳои гулкарами обпазшуда ҷой мекунем ва болои онро бо майонез мепӯшонем. Сипас, 200 грамм панирро аз турбтарошак гузаронда, дар болои майонези рехтаамон мепошем. Ба даруни тафдон дар ҳарорати 300 градус гармӣ муддати 3 - 4 дақиқа нигоҳ медорем.
Хӯрокамон тайёр шуд.
Аз рӯи завқ ҳар кадбону метавонад ба ин таом биринҷ, макарон ё марҷумаки обпаз ҳамроҳ кунад.