06

Июн, 2025
Ҷумъа

06

Июн, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН

 1

ТАРАБХОНАИ «PAYITAHT»

Аз қалби Туркия бо муҳаббат дар душанбе

     Бинои зебои тарабхонаи туркии «Payitaht» (Пойтахт), ки дар канори хиёбони Рӯдакӣ дар буриши кӯчаи Бухоро бо тарҳи мудерну замонавӣ қомат афрохта аст, моҳи сентябри соли равон дари худро ба меҳмонону сокинони Душанбе боз намуд.

Ин ҷо барои мизоҷон хӯрокҳои болаззати туркӣ пешкаш мегарданд.

Тавре сарошпази тарабхона Эрдем мегӯяд, хӯрокҳои туркии «Донер кебаб», «Тавук пирзола», «Кюлбасти», «Бейти кебаб», «Урфа кебаб», «Стейк», «Сарма» аз маъмултарин хӯрокҳои фармоишианд.

Хӯриши «Табуле»

14Маҳсулоти зарурӣ:

Як бандча гашниз;

Як бандча пиёз;

10 - 15 дона барги пудина;

Помидор – 2 дона;

Шарбати лимӯ;

Равғани зайтун;

2 - 3 қошуқ биринҷи арабии булғур.

Биринҷро дар об пухта мегирем. Кабудиҳоро миёна ва помидорро чоркунҷа реза намуда, биринҷи пухтаро бо онҳо омехта мекунем. Болои маҳсулот каме шарбати лимӯ ва равғани зайтун омехта, мувофиқи табъ намак мекунем.

Нӯши ҷон!

Таоми
«Япрак бейти донер»

15Маҳсулоти зарурӣ:

Гӯшт – 500 г;

Пиёз - 2 дона;

Чапотӣ (лаваш);


Хуштаъмиҳо (зира, мурч, паприка, намак, сирко, пудинаи кӯфта)

Қаблан гӯшти хуштаъмшударо реза карда дар равғани кам мезирбонем. Пиёзро чоркунҷа реза намуда ҳамроҳи гӯшт дар чапотӣ (лаваш) мепечонем ва болои мангал дар сихҳо 3 - 5 дақиқа таф медиҳем.

«Япрак бейти донер»-и мо тайёр, метавонед бо картошкаи хушк ва сабзавот оро диҳед.

Бо иштиҳои том!

 

                   Ҳалвои туркӣ

12маҳсулоти зарурӣ:

3 литр шир;

1 кг шакар;

Мағзи бодом – 100г;

Мағзи писта – 100г.

Тарзи таҳия:

3 литр ширро бо 1кг шакар омехта намуда, то зард шудани маҳлул меҷӯшонем. Сипас, мағзи бодом ва пистаро ба он омехта, то сахт шудани ҳалво пухтанро идома медиҳем. Муҳлати омода шудани он тақрибан 30 дақиқа.

13Ҳалвои тайёршударо ба рӯи лаълӣ гирифта, бо корд ба шакли дилхоҳ мебурем.

:.  Дастархон 13.12.2020 20:04 971

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz