Хӯрок аз гӯшти мурғ
Маҳсулоти зарурӣ:
Гӯшти мурғ – 1 кг;
Картошка 6 – 7 дона;
Лимӯ – 1 дона;
Сирпиёз – 5 дандона;
Равғани рустанӣ – 3 – 4 қошуқ;
Намак ва қаланфури сиёҳ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро шуста ба болояш оби лимӯро фишурда ҳамроҳ месозем. Худи лимӯро ҳамроҳи сирпиёз пора карда, ба қабати гӯшти мурғ мегузорем. Мурғро рӯи лаълии тафдон гузошта, ба он картошкаи поракардашударо ҳамроҳ менамоем. Ба болои мурғу картошка мувофиқи табъ намаку қаланфури сиёҳ ҳамроҳ мекунем. Аз болои маҳсулотҳои омодашуда равғани рустаниву бар зераш каме об илова карда, дар ҳарорати 180 дараҷа ба тафдон мегузорем. Пас аз 30 дақиқа рӯи гӯшти мурғро бо фалга мепӯшонем, то он аз ҳад зиёд сурх нашавад. Тахминан баъд аз 20 дақиқаи дигар хӯрок омода мегардад.
Иштиҳои том!
Хӯриши лӯбиёгӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
Лӯбиёи сурх – 150 гр;
Сабзӣ – 1 дона;
Пиёз - 1 дона;
Сирпиёз – 3 дандона;
Шибит – 1 бандча;
Равғани рустанӣ;
Намак (мувофиқи табъ).
Тарзи таҳия:
Лӯбиёро шабе пеш дар оби ширгарм тар карда мемонем. Пас онро гирифта то пухтан меҷӯшонем. Сабзӣ ва сирпиёзро аз турбтарошак гузаронда, ба он равғани тасфони рустанӣ илова менамоем. Пиёзро майда реза карда дар равғани рустанӣ мепазем. Маҳсулоти тайёршударо гирифта ба зарфи махсус меандозем. Ба даруни зарф шибити майдакардашудаву намак илова карда, омехта месозем.
Ширинии себ
Барои омода намудани ин намуди ширинӣ чунин маҳсулот зарур аст:
5 дона тухм;
1 истакан орд;
1 истакан шакар;
Чанд дона себ (мувофиқи хоҳиш).
Тарзи тайёр намудани ширинӣ:
Сафедии тухмро аз зардиаш ҷудо карда, дар зарфи калоне онро то кафк кардан бо шакар лат мезанем. Пас, зардии тухмро илова намуда, орди бехташударо ҳамроҳ карда, омехта менамоем. Себи аз пӯсту тухмаш поккардшударо чоркунҷа реза намуда, ба хамир илова мекунем. Хамирро ба лаълӣ рехта, дар тафдони гарм дар ҳарорати 180 градус муддати 30 дақиқа мемонем. Ширинӣ омода шуд!