Қаланфури қимадор
Маҳсулоти зарурӣ:
Гӯшти қима - 1 кг;
Биринҷ - 1,5 истакон;
Пиёз - 6 дона;
Сабзӣ - 2 дона;
Қаланфури булғорӣ - 12 дона;
Картошка - 2 дона;
Помидор - 4 дона;
Сирпиёз - 3–4 дандона;
Равған - 0,5 л;
Кабудӣ (райҳон, шибит), зира, мурч, намак (мувофиқи табъ).
Тарзи таҳия:
Ба деги гарм равған андохта, 1 дона пиёз, картошка, сабзӣ, 1 дона помидор, сирпиёз, намак ва мурч ҳамроҳ намуда, хуб мезирбонем ва об ҳамроҳ менамоем.
Ба гӯшти қима биринҷи нимпаз, пиёз ва кабудии майдашуда, мурч, намак, зира ва каме равғани растанӣ андохта, омехта мекунем ва ба даруни қаланфурҳои булғории тозашуда ҷой медиҳем. Даҳони қаланфурҳоро бо тилимчаҳои помидор маҳкам месозем ва ба дег ҷой медиҳем.
Рулети «Панҷ дақиқа»
Маҳсулоти зарурӣ барои хамир:
Тухм - 3 дона;
Ширқиём - 1 қуттӣ;
Равғани маска - 1 қошуқча;
Орд - 1,5 истакон;
Сода - 0,5 қошуқча;
Барои даруни рулет:
Креми хушки «Дилала» - 200 г;
Ширқиёми сурх - 1 қуттӣ;
Какао - 100 мг;
Мевагӣ мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Тухмҳоро бо миксер лат дода, ширқиём ва равғани маскаро ҳамроҳ месозем. Ордро бо сода омехта карда, ба он илова менамоем. Ба варақи тафдон равғани маска молида, хамири тайёрро ба он мерезем ва ба тафдони пешакӣ гармшуда дар ҳарорати 180 дараҷа мепазем. То омода шудани он маҳсулоти даруни рулетро таҳия менамоем.
100 г креми хушкро бо ширқиёми сурх ва какао лат дода, креми аз он ҳосилшударо муддати 10–15 дақиқа ба ҷойи сарди яхдон мегузорем. 100 г креми хушки боқимондаро барои болои рулет бо оби хунук лат мезанем (ба 100 г 0,5 истакон об).
Хамири пухташударо аз тафдон гирифта, ҳанӯз хунук накарда, ба болояш креми шоколадиро мемолем ва ба рӯи он меваҳои майдашуда мегузорему мепечонем. Баъди хунук шудан болои онро креми сафед молида, бо меваҳо оро медиҳем.
Хӯриши «Гурҷӣ»
Маҳсулоти зарурӣ:
Пиёз - 3 дона (миёна);
Помидор - 3 дона;
Бодиринг - 3 дона;
Райҳон - 1 бандча;
Лимӯ - 1 дона;
Равғани растанӣ - 3 қошуқ;
Сирко - мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Пиёзро ҳалқа реза карда, ҳалқаҳои онро аз ҳам ҷудо месозем. Дар зарфи чуқур оби хунук ва сиркоро ҳамроҳ карда, пиёзҳоро ба он меандозем.
Бодирингро ба шакли чоркунчаҳои калон реза мекунем. Баъдан помидор, лимӯ ва райҳонро ба ин тартиб реза карда, пас аз 10 дақиқа пиёзро аз зарф мегирем ва ҳамаи ин маҳсулотро якҷоя месозем. Дар охир каме равғани растанӣ ва намак илова менамоем.