Қаҳрамони мо нахи ҳунари таббохии аҷдодонро аз дуки асрҳо берун ришта, обу рангу таровати нав бахшидааст.
Дастони гавҳарсони ин бону мисли заргари нозукбин қандинаву фарахшаву кулчақандҳои ғайриодӣ меофарад, ки комҳоро ширину тамъи гуворо мебахшад. Ба ҷуз ин вай дар шаҳри Душанбе мактаби таббохӣ ифтитоҳ намудааст, то дӯстдорони ошхонаҳои дунёро ба ҳам оварда, аз ҳунари волои пазандагӣ сабақ диҳад.
Ибтидо
Заррина Шарифова 21 сол дошт, ки таҳсилро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ғоибона ба роҳ монд ва пайи андешаи самаранок истифода бурдани фурсати боқӣ гашт. Баъди чанде ҷустуҷӯҳо худро ба машғулияти қаннодӣ номнавис кард. Ба равиши омӯзиш ва хурдтарин ҷузъиёти ин пеша зеҳн монда, ният кард, ки соҳиби кори худ гардад. Ҳини омӯзиш ҳамроҳ бо ҳамдарсаш тасмим гирифт, ки машғулиятҳои қаннодиро ба роҳ монад. Нахуст ошхонаеро киро карда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз оғози машғулияти қаннодӣ ба муддати 10 рӯз эълон дошт. Барои ҷалби бештари мизоҷон усулҳои наву ҷолиби пухтупазро пешниҳод намуд. Ба зудӣ гурӯҳе ҷамъ оварду аввалин дарси қаннодиро хуб гузаронд. Хоҳишмандони муштоқи пухтупаз зиёд буданд ва ӯ ҳар маротиба ошхонаву хонаҳои барҳаво киро мекард ва шӯрок (миксер)-и сурхаш ҳар куҷо бо ӯ мечархид. Танҳо пас аз як сол бо дастгирии падар студияи пухтупази худро созмон дод. Буҷети хурд, ки дошт, бо тахайюли рангинаш толори барҳаворо худ таъмиру тармим кард.
Сайқал
Заррина дарсҳои омӯзишии қаннодиро дар Қазоқистон идома бахшида, соли 2017 ба Россия сафар намуд ва аз қаннодони машҳури ин кишвар Александр Кислитсин ва Людмила Букина нозукиҳои ҳунар омӯхт. Бо ин иктифо накарда, барои омӯзиши ошхонаҳои дунё соли 2018 ба шаҳри Флоренсияи Италия раҳ гирифт ва тӯли 10 рӯз тариқи хонгардиш аз ошхонаву коргоҳҳои анвои ғизоии ин шаҳр дидан кард. Аз ду бонуи итолиёвӣ, ки дар кӯшки худ аз ошхонаи анъанавӣ ба хориҷиён дарс мегуфтанд, бо асрори ғизоҳои ин кишвар ошно гардид. Баъдан дар матбахи сарошпази итолиёвӣ Франческо Воче аз ӯ дарси ҳунар омӯхт.
Роҳандозӣ
Тӯли 5 сол аст, ки Заррина дар студияи пухтупаз дарсҳои гуногуни пазандагӣ, аз ҷумла хӯрокҳои миллӣ, туркӣ, гурҷӣ ва қаннодиро ба роҳ мондааст. Дар ин муддат ба беш аз 3000 духтарону занони синни аз 9 то 65-сола дарси маъмулии пухтупазро омӯзондааст. То кунун барои беҳтар ба роҳ мондани сифати омӯзиш сарошпазони номиро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
Дарсҳои ошхонаи миллии тоҷикӣ аз ҷониби сарошпазони номӣ берун аз шаҳр, дар табиат доир мегарданд. Бештар сайёҳону меҳмонони кишвар ба ин дарсҳо шомил шуда, накҳати нотакрори палави тоҷикиро мешаманд ва ба завқ меоянд. Ӯ мекӯшад, то дар баробари бонувон мардҳоро низ ба чунин омӯзиш ҷалб созад, бахусус ба дарси усулҳои гуногуни гӯштпазӣ. Давомнокии дарсҳо 1 - 7 рӯзро фаро гирифта, арзиши онҳо бо назардошти маҳсулоти истифодашаванда аз 100 - 150 сомонӣ шурӯъ мегардад. Барои бонувони вақти маҳдуддошта дарсҳои якрӯза мегузаронад. Дар ин муддат 2 – 3 намуди пухтупаз омода менамоянд ва бонувон имкон доранд, ки дастурамали ғизоро дар дафтарҳои худ қайд созанд ва ҳам ба навор гиранд. Баъдан ғизои омодашударо сарҷамъона истеъмол менамоянд.
Кӯдакон
Дар студияи пухтупази Зарринабону ҳунари ширинипазиву ошпазӣ барои кӯдакон низ ба роҳ монда шудааст. Ба ҳар кӯдак гӯшаи алоҳидаи корӣ ҷудо шуда, ба ҷараёни таҳияи хӯрок ҳамроҳ чалпакчаҳои тухмиву кулчақанд омода менамоянд. Тадриҷан аз пухтупази осон ба мураккаб мегузаранд. Тобистон бошишгоҳи пухтупази кӯдаконаро ба роҳ мемонанд. Кӯдакон ба хамиртунуккунӣ, суробрезӣ ва ороиши рӯи кулчақандҳо ширкат меварзанд, фарахшаҳои аввалини худро таҳия менамоянд. Фарахшаҳои омодашударо даруни қуттиҳо гузошта, бо тасмаҳо ороиш медиҳанд ва маҳсули дастони хешро чун савғо ба волидон мебаранд. Ҳамчунин. ин ҷо хӯроки чошт хӯрда, барои рафъи хастагӣ дар рақс ва бозиҳои гуногун ширкат варзида, туҳфаҳо ба даст меоранд. Дар фарҷоми дарси ҳунар бо гувоҳнома сарфароз мегарданд. Ниҳоят, аксҳои зебои кӯдакон аз ҷараёни омӯзиш унвонии волидон ирсол мегарданд.
Хориҷа
Заррина соли 2019 ва аввали соли 2020 ба Россия сафар карда, ду маротиба дарси ҳунари пухтупаз миёни бонувони рус, украин, арман, озар ва ғайра доир намуд. Толори мувофиқро ба иҷора гирифта, маротибаи аввал ба 15 ва дафъаи дувум ба 13 бону нозукиҳои пухтупазро омӯзондааст. Бо маҳорати хуби суханварӣ, ҳунармандиву кордонӣ ӯ баҳои баландро сазовор гашта, барои идомаи кор аз ҷониби бонувони зиёди ин кишвар даъват гардид. Бо сабаби баста шудани марзҳо ва ҳам баъди хонадоршавӣ ӯ сафарро муддате ба таъхир мононда, дарсҳоро тариқи интернет онлайн мегузаронад. Ҳамзамон, дарсҳои қаннодони маъруфи дунёро тавассути интернет харида, пухтаниҳои наву ҷолибро интихоб менамояд, то ба завқи бонувони тоҷик ва ҳавзаи ИДМ мувофиқ бошад. Яъне ҷараёни таҳияи он мураккаб набуда, маҳсулоти зарурӣ дастрас бошад.
Ҳиммат
Борҳо Заррина то 30 – 40 дарсад арзиши дарсҳоро арзон намуда, хоҳишмандонро ба ин зайл ба дарсҳои хеш ҷалб сохтааст. Ғайр аз ин, ба тариқи ройгон ба 10 нафар бонуи камбизоат муддати се рӯз пухтупазро аз маҳсулоти дастрас омӯхтааст, то минбаъд онҳо ин ҳунарҳоро ба кор бурда, пухтупази хонагиро ба фурӯш бароранд, фармоиш қабул намоянд ва ё бо музд ба дигарон омӯзанд. Ҳамзамон, кӯдаконро аз хона - интернати № 4 ба матбахи худ даъват намуда, ҳар маротиба ба 20 нафар пухтупаз омӯзондааст.
- Ба лоиҳаҳои ман ҳамеша таваҷҷуҳ зиёд буд, рақобат низ. То ҳадде, ки баъзан мегиристам ва мехостам аз ин кор даст кашам. Баъдан дарёфтам, ки рақобат касро ба навгонию пешравӣ таҳрик медиҳад. Ҳар бор баҳри ривоҷи кор роҳи нав меҷӯям. Натиҷаи кори шогирдонро дида, ҳавасам ба пеша меафзояд. Батамом мекӯшам, ҳарчи медонам, ба дигарон омӯзам. Баъди дарсҳо ҳам бо шогирдон иртиботро ба роҳ монда, маслиҳатҳо медиҳам. Ба он боварам, ки бонувони заҳматқарини тоҷик ба ҳар коре, ки даст мезананд, муваффақ мегарданд, - ироа медорад бонуи шириндаст Зарринабону Шарифова.
Фаризамоҳ Ҳалимова,
омӯзгори МТМУ № 82,
шаҳри Душанбе