Маҳсулот:
400 гр гӯшт;
300 гр пиёз;
150 гр равғани растанӣ;
15 гр кашнич;
25 гр сирпиёз;
15 гр имбир;
30 гр мурч;
2 гр шакар;
15 мл соуси лӯбиёи соя;
15 мл сирко
Тарзи омода намудани хӯриш:
Бодирингро реза карда, намак кунед ва 15 дақиқа нигоҳ доред.
Пиёзро ҳалқашакл реза намуда, сирко, сирпиёз, мурч ва имбири кӯфтаро ба он илова кунед.
Гӯштро ҳам мисли бодиринг борик реза карда, дар тобаи равғандор таф диҳед.
Ҳамаи маҳсулоти омодашударо дар як зарф андохта, ба он кашнич, шакар ва соуси сояро илова карда, омехта намоед.
Дар ҷойи хунук 40 дақиқа нигоҳ доред ва сипас барои тановул ба дастархон гузоред.
Дӯлма
Дӯлма хӯроки дӯстдоштаи ҳар хонавода аст. Бонувон аз оғози фасли баҳор бо баромадани баргҳои нави барги ангур ин намуди таомро тайёр менамоянд. Дӯлмаро аз қаламфури булғорӣ, карам, боимҷон ва помидор низ омода мекунанд.
Маҳсулоти зарурӣ:
900 гр гӯшт;
150 гр кабудӣ;
200 гр пиёз;
150 гр биринҷ;
2 дандонаки сирпиёз;
60 гр афшураи помидор;
1, 2 литр об;
150 гр равғани растанӣ;
намаку мурч вобаста ба табъ;
200 гр боимҷон;
200 гр помидор;
200 гр қаламфури булғорӣ.
Тарзи омода намудани дӯлма:
Дар зарфи гӯшти қима пиёз ва кабудии майда резанамуда, 20 гр афшураи помидор, намак, мурчро ба он илова кунед. Биринҷро ҳам тоза шуста, илова намуда, муддате нигоҳ доред. Сипас, онро ба дохили сабзавоти дилхоҳатон (помидор, қаламфури булғорӣ, боимҷон, карам) андозед.
Тобаро болои оташдон гузошта, равған андозед. Пиёзро то ҳадди тиллоранг шуданаш таф диҳед. Ба афшураи помидор каме об андохта, болои пиёзи тафдодаатон резед. Пас аз 5 дақиқа ҷӯшидани он сабзавоти қимапуркардаро ба тоба монда, муддати 40 – 45 дақиқа дар оташ пазед. Баъдан, таоми омодашударо ба табақчаҳо гирифта, болои дастархон гузоред. Иштиҳои том!
Қутбия