ШӮРБОИ ФРИКАДЕЛКИ
Маҳсулот:
Гӯшти қима – 500 гр;
Туппаи равғанӣ – 100 - 150 гр;
Пиёз - 300 гр;
Қаламфури булғорӣ – 200 гр;
Сабзӣ – 200 гр;
Помидор – 2 дона;
Тухм – 1 дона;
Об – 2 л;
Равған – 100 гр;
Устухони мағздор (илик) – 1 дона;
Намак, зира, мурч, тухми кашниз мувофиқи тамъ.
Пеш аз ҳама қимаи гӯштро бо як дона тухм, намак, зира, мурч, ва тухми кашниз омехта намуда аз он ғелачаҳои 25 грамма омода мекунем. То омода шудани шӯрбо болояшонро бор карда дам медиҳем.
Дар дег равғанро доғ намуда пиёз, қаламфури булғорӣ ва сабзии чоркунча реза намудаамонро мезирбонем. Баъдан 2 литр об ҳамроҳ намуда устухонро меандозем. Шӯрбо бояд 30 дақиқа дар оташи муътадил ӌӯшад. Пасон ғелачаҳои омодашударо дохили шӯрбо меандозем ва 20 – 30 дақиқаи дигар меӌӯшонем.
Баъди тайёр шудани шӯрбо алавро хомӯш мекунем. Болои шӯрбо ӌаъфариро майда реза намуда, 250 гр сметана ва 250 гр қаймоқро ҳамроҳ намуда омехта мекунем.
Туппаи алоҳида дар об ӌӯшондашударо тақрибан 20 -25 гр дар косаҳо андохта, 4 донагӣ фрикаделки бо оби шӯрбо мебардорем. Бо иштиҳои том!
КАБОБИ ЯККАСАРОЙ
Маҳсулот:
Гӯшт – 1кг;
Равған – 200 – 300 гр;
Картошка – 1,5 кг;
Пиёз – 500 гр;
Қаламфури булғорӣ – 300 гр;
Намак, зира, барги ғор мувофиқи тамъ.
Дар дег равғанро доғ карда, картошкаи ба чоркунчаҳои калон тақсимнамудаамонро то қариб пухта шуданаш, мезирбонем. Сипас картошкаро мегирем, гӯштро дар равған то сурх шуданаш мезирбонем. Баъд қаламфури булғорӣ ва пиёзро бо намак, зира ва барги ғор ҳамроҳ бо гӯшт мезирбонем. Обро мерезем то гӯр шудани гӯшт ва дар алави паст то обаш тамомшудана меӌӯшонем. Обаш, ки тамом шуд, боз як коса об мерезем ва картошкаи қаблан бирёнкардаамонро меандозем. 15 дақиқа дар алави паст меӌӯшонем. Кабоби тайёршударо болои табақ мебардорем ва бо кабудиву сабзавот ороиш медиҳем. Бо иштиҳои том!
Захира
Тобистон айёми сертараддуд барои бонувон аст, ки захираи зимистон тањия менамоянду мураббою ширинї ва сабзавотњоро бо тарзу усулњои гуногун омода карда, даруни зарфњои шишагї мегиранд. Рољеъ ба тарзи тањияи ин захирањо мо низ чанд тавсияњо пешнињод карданием:
♦Мураббои ќулфинай
Барои як килограмм ќулфинай як килограмм шакар зарур аст.
Ќулфинайро шуста, тоза мекунем. Дар зарфе, ки мебояд мураббо пухта шавад, ќулфинай ва шакарро ќабат ба ќабат мерезем. Дар ќабати аввалї ќулфинай, болои он шакар ва ин амалро то ба охир такрор менамоем. Муддати 8 - 10 соат нигоњ медорем. Пас аз људо шудани об зарфро болои оташи паст мегузорем. Пас аз 40 даќиќа мураббо тайёр мешавад ва метавонем онро барои зимистон захира созем.
♦Мураббои зардолу
Барои як килограмм зардолу як килограмм шакар зарур аст.
Зардолуњоро шуста, ду таќсим карда, аз донањо холї месозем. Дар дег 250 мл об андохта, шакар њамроњ менамоем ва то ќиём шудан мепазем. Пасон зардолуњоро илова менамоем. Барои начаспидани мураббо њар 6 даќиќа дегро тоб медињем, вале намекобем, ки зардолуњо майда нашаванд. Давоми як соат мураббо тайёр мешавад.
♦Олучаи тару тоза дар зимистон
Агар дар фасли зимистон олучаи тару тоза зарур ояд, онро метавон ях кунонд.
Олучањоро шуста, болои рўймоли коѓазї мегузорем, то хушк шаванд. Баъдан, дар зарфњои пластикии сарпўшдор шакар ва олучањоро ќабат ба ќабат мерезем, то пур шавад. Дањони зарфро мањкам баста, ба љойи сарди яхдон мегузорем.
Роњи дигари яхкунонии олуча бе истифодаи шакар низ мављуд аст. Сараввал олучањоро дар зарф тунук мерезем, то бо њам љафс набошанду њангоми яхкунонї ба якдигар начаспанд. Муддати 1- 2 соат дар љойи сарди яхдон мегузорем. Пасон, олучањоро дар селлофанњои полиэтиленї гирифта, дањонашонро мањбам баста, бозпас ба макони сарди яхдон мегузорем.
Фарзона