07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН

 

--1.jpg2Ширинии
«Роњат-лукум»

Ин навъи ширинии туркї барои Султони бузург ихтироъ шудааст. Ваќте ў дандони худро мешиканад, барои мулоим буданаш «Роњат-лукум»-ро омода месозанд, ки алњол яке аз ширинињои машњури туркї мањсуб меёбад.

Мањсулоти зарурї:

нўшобаи анор — 1 ист;

донаи кунљит - 0,5 ист;

писта — 1,5 ист;

шакар — 4 ист;

                                                                                                  оњари љуворї — 1 ист;

                                                                                                  љавњари лимў — 2 ќошуќча.

Тарзи тањия:

Ба об шакар ва љавњари лимў њамроњ намуда, болои алови паст то омода гардиданаш мељўшонем. Њамин ки сиропи мо ѓафс шуд, он аллакай омода гардидааст. Дар зарфи алоњида оњари љувориро бо нўшобаи анор якљо карда, 2 истакон оби гарм ва љавњари лимўи боќимондаро низ меандозем. Онро муддати 5 даќиќа болои оташ мељўшонем. Њар ду мањлули омодашударо њамроњ намуда, боз тўли 30 даќиќаи дигар мељўшонем. Ваќте мањсулот суфта ва якхела мешавад, аз гармї берун меорем.

Маѓзи пистаро ба дохили тафдони барќї мегузорем, то ин ки хушк шавад. Маѓзи пиставу кунљитро ба мањсулоти омодашуда њамроњ ва њамаи онњоро омехта менамоем. Онњоро ба лаълии шаклдор мерезем, ки дар он «Роњат лукум» омода мегардад. Сипас, болояшро бо селофан печонда, як шаб дар яхдон нигоњ медорем. Субњ ширинии мазкур омода мегардад ва онро чањоркунља бурида, истеъмол менамоем.

--1.jpg1

Пиде

Пиде яке аз питзоњои машњури туркї буда, онро бо тарзњои гуногун тайёр мекунанд. Мо ба шумо тарзи омода намудани онро бо панир, тухм ва помидор пешкаш менамоем.

Мањсулоти зарурї:

тухм - 2 дона (барои хамир);

сметана - 2 ќошуќи ошї;


равѓани растанї - 3 ќошуќи ошї;

оби гарм - 250 мл;

хамирмоя - 11 гр;

орд - 500 гр;

шакар - 3 ќошуќча;

намак аз рўи таъм;

панир - 100 гр;

помидор – 2дона;

ќайлаи помидор - 2 ќошуќча.

Тарзи тањия:

Ду дона тухмро бо равѓани растанї ва сметана омехта намуда, оби гармро њамроњ менамоем. Пас аз омехтани мањсулот ба он хамирмоя (дрожж), шакар, намак ва орд­ро илова мекунем. Хамири омодашударо дар зарфи равѓанмолида мегузорем ва онро муддати 30 – 40 даќиќа дар љойи гарм нигоњ медорем.

 

Хамирро ба 10 – 12 ќисм људо карда, њар кадоми онњоро тунук менамоем. Ба мисли завраќча ќисмњои тунуккардашударо омода мекунем. Ба дохили он ќайлаи помидор молида, панири аз турбтарошак гузарондаро мепошем ва ба њар кадоме аз онњо як дона тухмро шикаста мегузорем. Ба ќисми аз њама болои он помидорро доирашакл реза карда мемонем ва ба дохили тафдони барќї мегузорем. Пидеи мо тўли 20 – 30 даќиќа дар њарорати 200 дараља гармї омода мешавад.

--1Гўштбирёни туркї
бо анору чормаѓз

Мањсулоти зарурї:

500 гр гўшт;

1 дандонаи пиёз;

ним истакон равѓани зай­тун;

1 истакон донаи анор;


1 ќошуќи ошї афшурдаи помидор;

1 ќошуќи ошї орд;

ним истакон об;

1 истакон чормаѓз;

2–3 бандча ҷаъфарӣ;

                                                                                                                           намаку ќаланфур аз рўи таъм.

Тарзи тањия:

Гўштро чањоркунља реза карда, ба коса андозед ва намаку мурчро њамроњ кунед. Ба дег равѓани зайтун рехта, пиёзи майда реза кардашударо то тиллоранг шудан зирбонед. Ба он афшураи помидор, донаи анор ва гўштро њамроњ намоед. Гўштро то иваз шудани рангаш бирён кунед, баъдан об андохта, то мулоим шудани гўшт љўшонед.

Дар алови паст чормаѓзро бир­ён карда, бо гўшт илова намоед. Болои гўшти омодашударо метавонед бо љаъфарї оро бидињед. Онро бояд дар њолати гарм буданаш тановул намуд. Иштињои том!

 

 


 

 

 

 

 

:.  Дастархон 14.05.2020 05:45 1027

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz