07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ХЎРИШИ БАҲОРӢ

Bonu 04_2020__salat-s-kapustoj-i-kukuruzoj_0Хўриши бањорї

Ин намуди хўриш аз мањсулоте омода мешавад, ки барои њар кадбону дастрас асту ваќти зиёдро низ наметалабад.

Мањсулоти зарурї:

Карам - 200 г;

Љуворимаккаи консервшуда - 100 г;

1 дона бодиринг;

3 ќошуќ равѓани растанї;

Каме шибит ва намак.

Тарзи тањия:

Карам ва бодирингро ба шакли дарозрўя реза мекунем. Сипас, љуворимаккаро аз об људо карда, ба мањсулот њамроњ менамоем. Шибитро низ майда карда, илова месозем ва каме намак мепошем. Баъди хуб омезиш додани њамаи мањсулот онро ба табаќчањо мекашем.

 


Bonu 04_2020__main_b_gnezda-iz-makaron-s-farshem_1«Хўроки «Лоначањо»

Ин навъи ѓизо аз гўшти ќима ва њалќабуридањо (лапша) омода шуда, барои хўроки шом тавсия мегардад.

Мањсулоти зарурї:

Гўшти ќима - 300 г;

Афшурдаи помидор – 200 мл;

Њалќабурида - 8 дона (мутобиќи ѓунљоиши тоба);

Пиёз - 1 дона;

Равѓани растанї - 2 ќошуќ;

Каме шибит ва намак.

Тарзи тањия:

Нахуст њалќабуридањоро рўи тоба мечинем. Пиёзро майда карда, ба ќима њамроњ менамоем. Ба он мувофиќи табъ намаку зираворињо мепошему омехта месозем. Дохили њар як њалќабуридањоро бо ин мањсулот пур мекунем. Дар зарфи дигар афшурдаи помидорро гирифта, ба он намак, равѓан ва каме об њамроњ мекунему болои њалќабуридањои ќимадор мерезем. Дањони тобаро мањкам намуда, дар њарорати паст муддати 25 даќиќа мепазем. Пас аз омода шудани ѓизои шаклан ба лоначањо монанд, онро бо кабудї оро медињем.

 

Bonu 04_2020__1020086382_0

Нишалло

Мењмони навбатии сањифаи «Дастархон» њунарманди номдори шањри Бохтар Нуъмон Мухторов тарзи омода намудани ин ѓизои сермањсулу пур­асрорро аз шаљараи аљдодонаш мерос гирифтааст.

Ин ѓизо дар баробари хусусиятњои фоиданокї ва таќвият додани иммунитети бадан, ба инсон нерумандї бахшида, аз чандин беморињои сироятї муњофизат менамояд. Азбаски нишалло аз решаи рустании камёфти бехї омода гардида, тањияи он ваќти зиёд металабад, соњибони њунар ин ѓизои лазизу пурасрорро танњо дар моњи шарифи Рамазон тайёр карда, ба фурўш мебароранд.

Њамакнун, тавонбахшию фоиданокї ва дигар хусусиятњои ин ѓизоро ба инобат гирифта, устодони касб тасмим гирифтаанд, ки шурўъ аз Наврўзи имсола дар њама љашну маросимњои идона мењмононро бо ин ѓизои хуштамъу лазиз зиёфат дињанд.

Барои омода намудани нишалло 2 килограмм решаи растании бехї, сафедии 5–6 дона тухми мурѓ, 10 литр об, 10 килограмм шакар, ду бандча ванилин ва як ќошуќ кислотаи лимў лозим аст.

Ќадами аввал: ду кило решаи бехиро тика-тика реза карда, онро дар 10 литр об андохта, дар оташи паст то њадде мељўшонем, ки аз 10 литр обу 2 кило бехї њамагї 2 литр мањлули сиёњи сурхча боќї мемонад.

Ќадами 2: мањлулро дар деги сафедкардашуда гирифта, ба он сафедии 5–6 дона тухмро илова мекунем. Баъдан онро чунон лат мезанем, ки дег аз кафки мањсулот пур мешавад.

Ќадами 3: дањ кило шакарро дар об љўшонда аз он ќиёми шакар омода мекунем. Ба ќиёми шакар 1 ќошуќ кислотаи лимў (афшураи афлесун) илова мекунем, то ин ки дуруштии шакаробаро њал намуда, ба нишалло тамъ ва бўи иштињоангез бахшад.

Ќадами 4: омехтаи ќиёми шакар ва афшураи афлесунро ба деги нишалло њамроњ намуда, онњоро хуб ба њам меомезем, то аз мањсулоти мазкур нишалло њосил шавад.

Ќадами 5: дар охир барои ковок намудани ѓизои мазкур ба деги нишалло 2 баста ванилинро илова намуда, мањсулотро ба њам меомезем.

Ќадами 6: нишаллоро дар зарфњои шишагин ё косаву ашёи сирдор гирифтан бењтар аст. Њамчунин, мањсулоти муњлати истифодааш аз 1 то 2 шабонарўзро дар зарфњои як бор истифода мешудагї ба фурўш мебароранд.

 

 

:.  Дастархон 17.04.2020 06:59 1032

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz