Бонувони қаннод
Мусаллам аст, ки чанд соли охир аз љониби Њукумати љумњурї ва Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар самти рушди фаъолияти соњибкорї, саноатикунонии кишвар ва нињоят, пешрафту нумўи иќтисодиёт чорањои муњим андешида мешаванд. Соњибкорони ватанї вобаста ба талаботи рўзмарраи ањолї кушодани коргоњњои хурду миёнаро ба роњ монда, бо истењсоли молу мањсулоти худї дар амалї гаштани ин њадаф сањм мегиранд.
Рамзист, ки дар арафаи иду љашнњо ширинињои лазиз зеби дастархони њар хонадон мебошанд. Аксар бонувон бо кадбонугии хеш ва омода намудани торт, кулчаќанду ширинињои њархела мењмонону ањли хонаводаро ба њайрат мегузоранд. Бархеи дигар аз мањсулоти корхонањои ќаннодї харид ва дар рўзњои хурсандї коми наздиконашонро ширин менамоянд. Яъне, талабот ба мањсулоти ќаннодї боис гашта, ки дар љумњурї низ рўз аз рўз теъдоди коргоњњои ширинипазї меафзояд.
Љамъияти дорои масъулияти мањдуди «555 – МПК» аз зумраи коргоњњои ќаннодиест, ки аз соли 2005 ба кор оѓоз намудааст. Дар ин коргоњ 80 бонуи ќаннод фаъолият менамояд ва њар рўз онњо беш аз 30 номгўи ширинињоро пешкаши муштариён месозанд. Ба гуфтаи роњбари корхона Зикриддин Рањимов, њадафи таъсис додани чунин коргоњ љалб намудани бонувон ба кори доимї мебошад. Зеро бештари духтарон шавќу раѓбат ба њунари ќаннодї доранд ва бо нияти муваффаќ шудан дар ин соња курсњои махсуси ќаннодиро ба итмом мерасонанд. Вале, аз сабаби набудани љойи кори доимї, наметавонанд њунарашонро сайќал дода, ба њайси ширинипази номї байни мардум муваффаќ шаванд.
Фарзона Мирзоева пас аз хатми курси кўтоњмуддати ќаннодї ба ин коргоњ барои дарёфти љойи кор мурољиат намуд ва мегўяд, ки солест, шуѓл ба њунари дўстдоштааш дорад.
- Њунар мисли асбобест, ки сад сол баъд њам ба кор меояд. Бовар надоштам, ки рўзе бо таќозои зиндагї маљбур мешаваму њунар маро аз вартаи ноумедї мерањонад, - мегўяд ў.
Воќеан, коргоњ барояш мактаби бузурги таљриба гардид. Роњбарият ќаннодони шинохтаи кишварњои Аврупоро даъват кард. Ташрифи ќаннодони чирадаст равзанаи дигаре дар сайќалёбии њунари ўву њамкоронаш боз намуд.
- Дар баробари ќаннодони аврупої аз кишварњои Тотористон ва Ќирѓизистон низ пешаварони мумтози ширинипаз љињати таљриба омўзондан омада буданд. Мо ба њељ ваљњ аз ягон коргоњи тортпазии пойтахт тарзи омода намудани ширинињоро ба ќавле «намерабоем». Роњбарон њамеша таъкид месозанд, то мо аз мутахассисони варзидаи соња омўзем ва дар љараёни фаъолият аз дастурњои онњо истифода барем.
Муаррифгари соњаи ќаннодии шањрњои Москва, Прага ва Киев ќаннодони маъруфашон мебошанд, ки бо мазаи хоси ширинињои хеш дар љањон ба бањои «панљ» лоиќ гаштаанд. Њама талоши бонувони коргоњ њам ба боварии муштариёнашон сазовор будан равона шудааст, - мегўяд Фарзона.
Ширкати ќаннодии «555 – МПК» аслан дар асоси фармоиши муштариён торту ширинињои гуногунро омода месозад. Њатто онњое, ки бо сабаби беморињои гуногун табибон хўрдани ширинињоро манъ намудаанд, метавонанд дар асоси фармоиш аз тортњои парњезї истеъмол намоянд, ки дар таркибашон шакар, равѓан ва мањсулоти равғанин надоранд. Таркиби ин гуна тортњо аз шакари ќањваранг, асал ва кремњои гиёњии бе ширинї иборат мебошад.
Ба гуфтаи хазинадори коргоњ Зулфия Саидова, ба хотири дастрас будани нархи мањсулоти омоданамудаашон харидорон зиёданду то њанўз аз љониби онњо шикояте ба нишонии коргоњ нарасидааст.
- Торт ва дигар намуди ширинињои ширкат бо тарозу муайян карда мешавад. Њангоми бо харидор сарукор гирифтан аввал њамин муомила байни мову муштарї риоя мегардад. Яъне, њангоми вазнњисобкунї муносибати даќиќкорона ва хиёнат накардан ба муштарї асоси кори мост.
Баъдан, торт ва ширинињо тарзи нигоњдошти махсусро таќозо менамоянд, ки дар ин маврид њам эњтиёткор будан нисбат ба табъу завќи муштарї ба дўши мост. Аз он ки таркиби аслии мањсулоти ќаннодии ширкатамон аз мањсулоти табиї (аз ширу маска ва ќаймоќи корхонањои шири ватанї) иборатанд, бо риоя накардани одитарин ќоидањо мазаи худро таѓйир медињанд. Ё ин ки вобаста ба фаслњои сол таркиби мањсулоти истифодашавандаро њангоми омода намудани торту ширинињо иваз месозем. Масалан, дар гармо истифодаи чормаѓз њангоми пухтани ширинињо чандон мувофиќ нест, - мегўяд Зулфия.
Нилуфар Њамидова 7 сол аст, ки дар ин коргоњ ќаннод аст. Пухтани ширинињо шуѓли писандидааш мебошад. Аз овони мактабї омода намудани торти љашнии ањли хонаводаро бар дўш дошт. Баъдтар тасмим гирифт, то дар ин коргоњи ќаннодї фаъолият намуда, аз асрори њунар бештар огањї ёбад. Ў мегўяд, ки дар кишвар ширкатњои ќаннодии зиёд фаъолият доранд ва њар яке бо тарзу усулњои хосса корро ба роњ мондаанд.
- Вале номгузории торту ширинињо аксаран маъмулї аст, ки дар тамоми кишварњои дунё онро бо њамон исм медонанд. Фарзи мисол, торти «Киевский» «Наполеон» ва ѓайра. Вобаста ба фармоиши муштарї мазаи онњоро таѓйир медињем, ки писанди истеъмолгарон њам мегарданд.
Вазни торти омоданамудаамон аз ним кило то 100 кило њам буд. Љавоне барои мењмонони базми домодиаш ба ќади худ, ки 1 метру 90 сантиметр буд, торт фармоиш дод. Вале бо ин њама муваффаќиятњои ширкат гуфтанї нестам, ки бо дигар коргоњњои ќаннодии кишвар раќобат кардан мехоњем. Баръакс, кўшиш ба харљ медињем, то бо ширкатњои ќаннодии љањонї раќобат дошта бошем, - мегўяд Нилуфар.
Роњбарони корхонаи «555 – МПК» низ бо љонибдорї аз андешањои бонувони ќаннод тасмим доранд, самти фаъолияти ширкатро васеъ намуда, барои бонувон љойњои нави кориро муњайё созанд.
аноҳито