Зимистон айёми сар задани бемориҳои гуногуни вирусӣ буда, бемории зуком бештар дар ин фасл хурӯҷ менамояд. Кадбонуи навбатии маҷалла Адолат Каримова як навъ хӯрок ва хӯришеро, ки барои сабук гузарондани бемории зуком мусоидат менамоянд, пешниҳод мекунад. Ширинии лазиз барои дӯстдорони ин навъи ғизо низ пешкаш гардидааст.
Ўмоч
Барои таҳияи ин хўрок каме орд, намак, об, равған, гӯшт, лӯбиёи сафед, пиёз, кабуди, хокаи имбир, пудинаи хушки кӯҳӣ, кашничу шибит, райњони хушк, қаланфури кӯфта ва дигар растаниҳои ғизоии хушбӯй лозим аст.
Дегро рӯи оташ гузошта, каме равған мерезем. Сипас, гӯшту пиёзро майда реза карда, ба дег меандозем. Пиёз барои зуд пухтани гӯшт ёрӣ мерасонад. То омода шудани зирбак дар як табаќ ордро гирифта, ба он каме об илова менамоем. Орди намнокшударо кафмол зада, аз он ўмоч тайёр мекунем.
Дар зарфи дигаре об андохта, рӯи оташ мегузорем. Дар оби сӯзони он зирбаки омодашуда ва лӯбиёи қаблан таркардашударо ҳамроҳ менамоем. Баъд аз пухтани гӯшту лӯбиё кабудиҳои хушкро ба дег мепартоем. Баъди 10 дақиқа ўмочро илова месозем ва муддати 10 – 15 даќиќа мељўшонем.
Ба табақ хўрокро кашида, каме баъдтар чакаву кабудӣ илова менамоем.
Хӯриши «Зимистон»
Маҳсулот:
Карам - 300 гр.
Турб - 1 дона.
Сабзӣ - 1 дона.
Майонез - 50 гр.
Сиркои 9% - 0,5 қошуқча.
Шакар - 0,5 қошуқча.
Намак.
Тарзи омода кардан:
Карамро реза карда, ба зарф мегирем ва ба он намак мепошем. Сипас, сабзӣ ва турбро аз турбтарошак мегузаронем.
Тамоми маҳсулотро дар як зарфи калон ҳамроҳ намуда, ба он сирко илова менамоем. Муддати 3 – 4 дақиқа онро нигоҳ медорем, то маҳсулот сиркоро ҷабаду нарм гардад. Пасон, намаку шакар ва майонезро ҳамроҳ менамоем.
Мураббои кадугӣ
Маҳсулот:
Каду - 300 гр.
Себ - 1 дона.
Афлесун - 2 дона.
Асал - 1 қошуқча.
Дорчин.
Ванилин.
Тарзи тайёр кардан:
Кадуву себро аз пӯсту дона тоза карда, чаҳоркунҷа реза мекунем. Аз афлесун афшура омода менамоем. Ба зарфе каду, себ, пӯст ва афшураи афлесунро андохта, ба он асал, дорчин ва ванилинро илова мекунем. Зарфро ба болои оташ гузошта, бо сарпӯш маҳкам мекунем. Он муддати 7 – 10 дақиқа бояд ҷӯшад. Баъдан оташро хомӯш карда, мурабборо хунук мекунем.
Сипас, бо блендер мурабборо қиём мекунем ва ба яхдон мегузорем. Баъди як шабонарӯз болои мурабборо бо чормағз ва ё дигар донагиҳо ороиш медиҳем.