07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ТАРАБХОНАИ ЯККАСАРОЙ

yakkasaroy

 

Бинои бузургу зебои „Яккасарой“, ки канори рӯди Душанбе бо шукӯҳ ва тарҳи замонавӣ қомат афрохтааст, барои баргузории тӯйу чорабиниҳои идона ба сокинони пойтахт ва атрофи он хизмат мера- сонад.

Тарабсаройи мазкур дорои ду ошёна ва се толори барҳаво ба- рои баргузории ҷашни хонадоршавӣ ва дигар чорабиниҳои идонаву корпоративӣ буда, дар як вақт метавонад ба 450 - 500 нафар хизмат расонад.

Ин ҷо барои мизоҷон хӯрокҳои милливу аврупоии болаззат пешкаш мешаванд.

Тавре сарошпази тарабсаро Ғуломҷон Мунавваров мегӯяд, дар таҳияи таомнома онҳо бештар ба хӯрокҳои мил^ӣ такя мекунанд. Тан- дуриву оши палав, 19 намуд сихкабоб, бедонашӯрбо, лағмон, манту ва дигар таомҳои миллӣ аз ш^мули номгӯи хӯрокҳои „Яккасарой“ - анд.

Тавре Алишер Турсунов, роҳбари ҷавон ва кордони тарабхона, иброз намуд, онҳо 6 моҳ аст дар хизмати мардуманд. Дар оянда нақша доранд, ки дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ шабакаи тарабхонаҳои „Яккасарой“ - ро кушоянд. Ҳоло корҳои таъмир ва васлу насби таҷҳизоти таббохӣ дар то- лори калони ошёнаи якум рафта истодаанд. „Яккасарой“ 24 соат фаъол буда, нархи таомҳои он барои мизоҷон арзону дастрас аст.

khurish

 

 

Хуриши «Яккасарой»

Маҳсулоти зарурӣ:

Гушти гов - 200 г;

Занбурӯғи бирён - 100 г;

Бодиринг- 1 дона;

Помидор-1дона;

Сиркои себӣ;

Равғани зайтун

Гушти говро пухта ба шакли дарозрӯя реза мекунем. Замбурӯғ ва бодирингу по- мидорро низ бо ҳамин шакл реза карда, омехта мекунем. Болои он каме сиркои себӣ ва равғани зайтун рехта, мувофиқи табъ намак карда, омехта мекунем.

 

Нӯши ҷон!

17

 

„Қанотчаҳои бирён“

Маҳсулоти зарурӣ:

Қанотчаи мурғ - 500 г;

Равғани растанӣ - 50 мл;

Хуштамъиҳо (зира, мурч, паприка, намак, сирко, гашнизи кӯфта)

Қаблан қанотчаҳои мурғро дар зарфи сирдор бо зира, мурч, паприка, намак, сирко, гашнизи кӯфта омех- та, барои хушк наомадани қанотчаҳо равғани растанӣ илова менамоем ва як шабонарӯз онҳоро дам медиҳем.

Баъдан, тобаи тафдонро равған мо- лида, қанотчаҳоро болои он мечинем. Тафдонро дар дараҷаи 180 гармӣ тас- фонда, 30 - 35 дақиқа мепазем.

Бо иштиҳои том!


 


 

 

:.  Дастархон 27.01.2020 11:26 1207

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz