07

Июн, 2025
Шанбе

07

Июн, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

СИХКАБОБИ «ҒИЖДУВОН»

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201963

Гӯшти гов - 250 г;

Қабурғаи гӯсфанд - 250 г;

Гӯшти мурғ - 250 г;

Қаноти мурғ - 250 г;

Пиёз – 2 адад;

Равғани растанӣ - 20 мл;

Хуштамъиҳо (зира, мурч, намак, сирко, гашнизи кӯфта)

 

Тарзи таҳия:

Гӯштҳоро дар алоҳидагӣ бо зира, мурч, намак, гашнизи кӯфта омехта, пиёзро майда реза карда, ҳамроҳ месозем. Дар 300 г об 10 мл сирко илова карда, ба гӯштҳо мепошем. Ҳамаи маҳсулотро ба ҳам омехта, равғанро ҳамроҳ менамоем. Гӯштҳоро муддати 1 шабонарӯз дар яхдон мехобонем.

Гӯшти мурғро ба пораҳои начандон калон тақсим намуда, гӯшти говро қима мекунем ва лӯлачаҳо месозем. Қабурғаи гӯсфандро 12–15 см бурида, ҳар кадомашро ба сихҳои оҳанин мегузаронем. Дар рӯи манқал қимаи гов ва қаноти мурғ ба муддати 15 ва қабурғаи гӯсфанд 20 -25 дақиқа пухта тайёр мешавад.

 

 

ШИРИНИИ «БЛЭККЕЙК»

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201966

Панири навъи креметте – 600 г;

Хокаи шакар - 150 г;

Маска – 150 г;

Қаймоқ (33 %) – 200 г;

Шоколад – 100 г.

Қаймоқро бо хокаи шакар омехта, хуб лат мезанем ва дар қолаби доирашакл гузошта, муддати ним соат дар яхдон нигоҳ медорем. Баъдан, шоколади навъи аълоро болои буғ об мекунем. Онро ҳамроҳ бо панири навъи креметте ба маҳсулоти тайёркарда омехта, бори дигар ба яхдон мегузорем. Баъди аз яхдон гирифтан болои онро бо хокаи какао ва пораҳои шоколад оро медиҳем.

 

 

ХӮРИШИ «ГАРМ»

 

Маҳсулоти зарурӣ:12 201964

Гӯшти мурғ – 300 г;

Замбурӯғи консервшуда – 100 г;

Баргҳои салат – 200 г;

Помидор – 1 адад;

Гӯшти гов - 250 г;

Қайлаи соя

 

Тарзи таҳия:

Баргҳои салатро рӯи лаълӣ мечинем. Помидорро андаке дарозрӯя бурида, болои он мегузорем.Сипас, замбурӯғҳоро низ болои он ҳамвор мекунем ва ба рӯяш қайлаи «соя», ки дорои намак ва тамъи хуш аст, мерезем.

Гӯшти говро дар тоба бирён карда, болои замбурӯғҳо мечинем. Барои ороиш аз қиёми шоколади талх истифода мебарем.

 

Таомнома аз тарабхонаи «Чакан»

:.  Дастархон 20.12.2019 11:33 882

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz