Хӯшае аз рӯзгори тоҷикдухтар Аниса Усмонова, ки дар радифи беҳтарин таббохони Фаронса мақом ёфтааст.
Пешаи модараш табибӣ, аз падар илмҳои дақиқ, аниқтараш физика буд. Аммо қалби ӯ саршор аз шӯру шавқ ба таббохӣ буд ва дурудароз дар ошхона андармони пухтупаз мешуду беҳтарин таому шириниҳоро таҳия мекард.
Инак, ӯ на танҳо таббохи одӣ, балки ёрдамчии сарошпази яке аз тарабсаройҳои бонуфузи шаҳри Париж «Ле Павилйон Ледуайен***» («Le Pavillon Ledoyen***»), тарабхонаи сеситорадор) аст. Аниса Усмонова, чунин ном дорад ин духтари кушодачеҳраву ширинбаён, ки бо азму ҷаҳду талош тавонистааст дар чунин тарабхонаи дорои се ситораи Мишлен пайи кор бошад. Мавҷудияти ҳатто як ситораи Мишлен дар тарабхона – ишора ба олитарин сатҳу сифати ошхонаи он аст.
Бо умеди дарёфти илм
- Пас аз хатми гимназияи ба номи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе, ба Россия равон шудам, то ба донишгоҳе дохил шавам. Аммаам, ки дар шаҳри Москва мезист, дар ин самт ба ман ёрӣ расонд. Аз овони хурдӣ пухтупазро бағоят дӯст медоштам, ошхона беҳтарин ҷойи дӯстдоштаам буд, - мегӯяд Аниса. - Ғизоҳои модарам бомаза буданду аз падарам лазизтар. Падарам дар оила озмоишгари таомҳост ва ҳар боре ки ман ба Тоҷикистон биёям, бо ӯ таоми ғайриодие таҳия месозем.
Аз хурдсолӣ дар оянда кӣ шуданамро медонистам ва доимо ба худ мегуфтам: «Калон, ки шудам, тарабхонаи худро мекушоям». Бо гузашти солҳо дарк намудам, ки бидуни донишу таҷриба наметавон ба ин мақсад ноил гашт. Аз ин рӯ, пайи ҷустуҷӯи таълимгоҳи бонуфузи соҳаи таббохӣ шудам. Он овон дар Россия чунин як донишгоҳе набуд. Пас, ноилоҷ ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи бакалаври Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Россия супурдам.
Шириниҳои амрикоӣ дар Душанбе
Пас аз хатми донишгоҳ ба зодбум баргаштам. Қабл аз ин, муддати шаш моҳ дар Амрико зиста, таҳияи шириниҳои амрикоиро аз худ намудам. Тасмим гирифтам, ки дар Душанбе пухтани ин шириниҳоро ба роҳ монам. Соли 2016 тиҷорати хурдеро оғоз бахшидам. Чизкейку капкейкҳои амрикоӣ бо бренди «Капкейкс фром Марс» (Cupcakes from Mars) вориди бозори шириниҳои шаҳри Душанбе гардид. Баъд аз фурсате мизоҷони зиёде пайдо ва дар ин радиф, бо чанд қаҳвахонаҳои пойтахт ҳамкориро ба роҳ мондем.
Ҳамеша суоле ба сарам чарх мезад: «Баъд чӣ?» Дар тиҷорат ҳар рӯз мебоист навгоние бошад. Чун дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоштам, назди худ мақсад гузоштам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо дар соҳаи таббохӣ дониши хешро сайқал диҳам. Бо ин ният, шаби 30 декабри соли 2016 охирин ширинии фармоиширо ба хонаи мизоҷ фиристодаму боз сӯи Москва парвоз кардам. Чанд моҳи ҷустуҷӯҳоям бенатиҷа анҷомид. Ба ҷуз бахшҳои таълимӣ ва омӯзишгоҳҳои таббохӣ донишкадаи бузургтареро дар ин самт пайдо накардам.
Дар дил ҳаваси таҳсил намудан дар мактаби таббохии «Ле Кордон Блю» («Le Cordon Bleu») дар Париж ҷӯш мезад. Вале ин ғайриимкон менамуд, зеро падару модарам тани танҳо ба чунин раҳи дур рафтанамро хуш надоштанд. Аммаам бо кӯшишҳои зиёд падарамро розӣ кунонд.
Надонистани забон – мушкили асосӣ
Тобистони соли 2017 ҳуҷҷатҳоямро ба «Ле Кордон Блю» ба Париж ирсол намудам, ки қабул дар ин даргоҳ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошт. Танҳо моҳе қабл аз ин каме забони фаронсавӣ омӯхтам, ки он ба назар ночиз менамуд. Дар Фаронса мактабҳои таббохии маъруф бағоят зиёданд. «Ле Кордон Блю» яке аз мактабҳои қадима ва беҳтарин дар самти кор бо донишҷӯёни хориҷист. Хушбахтона, имконияти таҳсил дар курси шабонаи ин мактабро ноил гаштам.
Фаронсавиҳо нисбат ба фарҳанг, таом ва алалхусус ба забони худ ниҳоят ҳассосанд. Агар забони фаронсавиро балад набошӣ - набояд ба ошхона сар халонӣ. Омӯзгорон дар дарсҳо куллан фаронсавӣ сухан меронданд, агарчи медонистанд, ки ҳама хориҷиёнанд.
Ин ҷо дар баробари омӯзиш, ҳамчунин имконияти хуби таҷрибаомӯзӣ дар тарабхонаҳои беҳтарину машҳури Фаронса низ фароҳам буд.
Аз таҷрибаомӯзӣ то ёрдамчии сарошпаз
Барои худ тарабхонаи «Ледуайен»-ро интихоб намудам. Роҳбарии ин тарабхонаро Янника Аллено - яке аз сарошпазҳои машҳури фаронсавӣ бар уҳда дорад. Дӯстонам маро аз пайвастан ба гурӯҳи Аллено бозмедоштанд. «Он ҷо ниҳоят душвор аст, Аниса!».
Дар ин матбах ману як бону ва 18 мард фаъолият доштем. Ба бонувон рӯи хотир набуд. «Наметавонӣ, марҳамат, дар кушода аст!», - мегуфтанд масъулон.
Ҳайратангез
Замони оғози таҷрибаомӯзӣ дар «Ле Павилйон Ледуайен***» 24 сол доштам. Вақте фаронсавиҳо мешуниданд, ки ман дар ин син акнун фаъолияти таббохиро шурӯъ намудаам, ангушти ҳайрат мегазиданд. Зеро фаронсавиҳо аз 14 - 16 - солагӣ фаъолияти хешро дар тарабхонаҳо оғоз мебахшанд. Ҳич набошад, дар ин давра сабзавот тоза мекарданду зарф мешустанд, то ба ин ҷода наздик шаванду камол ёбанд. Ҳамин тавр, онҳо то синни камолот барои таҳсил маблағи муайян пасандоз намуда, дар 24 - 25 - солагӣ ҳамчун таббохони касбӣ дар тарабхонаҳои машҳур ба кор медароянд.
Дар гурӯҳи кории Аллено, ки нахуст коромӯз будам, баробари кормандон заҳмат мекашидам ва баробари онҳо аз тарабхона мураххас мешудам, агарчи касе маро водор наменамуд.
Дар ин давра шеф Аллено таъсиси боз ду тарабхонаи ҷадидро дар Париж, ки яке «Л-Эбис» (L’Abysse) ва дигаре «Алленотек» (Allenotheque) мебошад, ба нақша гирифт. Ман таҷрибаомӯзиро дар «Le Pavillon Ledoyen» ва «L’Abysse», ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, дар як вақт оғоз намудам. Ҳамчунин, дар созмони тарабхонаи «Allenotheque» низ ёрӣ мерасондам. Пас аз итмоми муҳлати таҷрибаомӯзӣ ба ман пешниҳод намуданд, то дар гурӯҳи Алленотек бимонам.
Боиси тазаккур аст, ки барои ба кор қабул кардани як хориҷӣ корфарморо зарур меояд, то дар Вазорати меҳнати кишвар исбот намояд, ки ин хориҷӣ нисбат ба се фаронсавӣ ва ё шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо арзишмандтар аст. Албатта, бароям ин бовар шарафи бузург аст.
Реҷаи сангин
Албатта, заҳматҳои шабонарӯзӣ бе подош намонданд. Маро ба ҳайси ёрдамчии сарошпаз пазируфтанд. Фаъолият дар тарабхонаҳои Париж басо сангин аст. Рӯзи корӣ аз соати 8.00 ва баъзан 7.30 оғоз ёфта, то соатҳои 23.00 - 24.00 идома меёбад. Танаффус дар нисфирӯзӣ як соат аст. Агарчи тарабхона соати 22.00 баста шавад ҳам, бахши шириниҳо то поси шаб ба мизоҷон хизмат мерасонад. Пас аз баста шудани тарабхона ба омода намудани шириниҳо машғул мешавем. Аксарият мегӯянд: «Аҷаб реҷаи вазнин! Магар меарзад?». Ман мегӯям, ҳамааш, одист. Агар шумо шуғлеро дӯст доред, пас ҷисман ва рӯҳан худро метавонед ба он мутобиқ созед. Дунёи матбах чунин аст. Албатта, фаъолият дар тарабхонаи меҳмонхонае аз он саҳлтар аст, вале бароям кор маҳз дар чунин тарабхона шавқовару писандидатар мебошад. Аз ин рӯ, ман хастагиро эҳсос намекунам.
Тафовути тарабхонаҳои Тоҷикистону Фаронса
Ҳамватанони зиёде аз ман мепурсанд, ки байни ошхонаи тоҷикиву фаронсавӣ чӣ тафовутест? Дар Фаронса ба мисли тоҷикон аз маҳсулоти гӯштӣ, хусусан аз гӯшти гов ва ҳама қисмати он фаровон истифода мебаранд. Баъдан дар Фаронса сифати маҳсулоти хӯрока дар ҷойи аввал меистад. Шояд мушкилоти вазни барзиёд надоштани фаронсавиҳо низ дар ҳамин бошад.
Тафовути дигар, дар тарабхонаҳои Фаронса арзиши таомҳо хеле гарон аст. Барои як нафар 50 - 70 евро арзиши муқаррарӣ маҳсуб меёбад. Аммо дар тарабхонаҳои мишлендор барои як нафар нархи миёна аз 150 евро оғоз мешавад. Дар баъзе тарабхонаҳои Фаронса 2 - 3 моҳ пеш мизеро банд менамоянд. Ҳатто, дар яке аз тарабхонаҳои Аллено дар Куршавел, як сол қабл ҷойҳоро банд месозанд.
Накҳати манту ва палави тоҷикӣ
Ошхонаву ғизоҳои тоҷикӣ бароям беҳтарин хотирот ва муҳаббати бепоён аст. Бо ёд овардани хони тоҷикона хотироти кӯдакиям рӯ мезананд. Мо - аҳли хонавода чун анъана сарҷамъ, манту мепечондем. Падарам дар оташдон палави маъмулӣ мепухт. Накҳати ҷонбахшои ин таомҳоро ба ҳиҷ ваҷҳ фаромӯш нахоҳам кард.
Тоҷикистон Ватани азизам аст ва насиб бошад рӯзе лоиҳаи хуберо дар диёрам роҳандозӣ хоҳам кард. Алҳол, зарур аст, ки аз ошхонаҳои гуногуни ҷаҳон таҷриба андӯзам. Зеро дар ин пеша ҳама чиз тағйирёбанда ва зудгузар аст. Муҳим – лаззати нотакрори вақтро аз даст набояд раҳо кард.
Ш. РАҲМОНОВА