Маҳсулоти зарурӣ:
Равғани растанӣ – 1 литр;
Сабзӣ – 5 кг;
Боимҷон – 3 кг;
Қаланфури булғорӣ – 2 кг;
Пиёз – 1 кг;
Помидор – 5 кг;
Намак, мурч, шибит, сир, қаланфур ва барги ғор мувофиқи хоҳиш.
Тарзи тайёр кардан:
Боимҷонро чоркунҷа реза намуда, дар равғани тафсон то тиллоранг шуданаш бирён мекунем. Пас, пиёзи ҳалқа – ҳалқа резакардашударо илова мекунем. Бо ҳамин тарз қаланфури булғориро низ реза намуда, ҳамроҳ менамоем. Сабзии аз турбтарошак гузарондаро ба маҳсулот зам намуда, намак мепошем. Дар охир, помидорро, ки тариқи гӯштқимакунак гузаронда шудааст, ҳамроҳ мекунем ва сипас мурч, шибит, сир, қаланфур ва барги ғор зам мекунем. Баъд аз 40 дақиқа икраи мо омода мешавад ва онҳоро ба зарфи шишагини тамйизшуда андохта, маҳкам менамоем.